Дар бунёди Ӯзбекистони Нав аз ҳамсафии худ бо Президент ифтихор мекунам!

Дар бунёди Ӯзбекистони Нав аз ҳамсафии худ бо Президент ифтихор мекунам!

Пеш аз ҳама нутқи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш.М. Мирзиёевро дар Ассамблеяи Генералии СММ бо тамоми ҳастӣ гӯш кардам. Зеро ман боварӣ доштам, ки Президенти мӯҳтарами мо дар ин минбари бонуфуз мисли соли 2017 бо ҷасорат суханронӣ мекунад.
Рости гап, чорабинӣ, ҷараён аз интизории ман зиёдтар гардид. Вақте ки нутқро шунидам, дилам ба хурӯш омад ва худ аз худ нидое дод.
Ман бо Президенти худ, ки дар минбари табаррук бо забони модариам сухан гуфт, фахр мекардам. Аз эътибор ба нутқе, ки ба аҳли ҷаҳон сабақ шуд, ифтихор менамудам. Зеро, то ҷое ки ман медонам, танҳо раҳбарони давлатҳои камшумори ҷаҳон дар минбари СММ чунин суханронии ҳамаҷониба ва дорои ғояи ҳаётиро кардаанд.
Бигӯед, ки кай дар мо чунин ислоҳоти ҳамаҷониба амалӣ гардидааст ё барои он кӯшише шудааст? Бигӯед, оё дар се соли охир ягон моҳ ё ҳафтае ҳаст, ки қонун, қарор ё фармоне ба ҳифзи манфиати соҳибкорон имзо нагардида бошад?
Бигӯед, ки оё дар давоми як-­ду сол ҳиссаи кӯдаконеро, ки ба ташкилотҳои таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд, аз 19 то ба 50 фоиз баровардан кори осон аст?
То рӯзҳои наздик танҳо 9 фоизи хатмкунандагони мактабҳои таълими умумӣ ба муассисаҳои таълими олӣ дохил мешуданд. Охир, имрӯз ин нишондиҳанда ба 25 фоиз расидааст! Бигӯед, магар аз ин дастовард фахр накардан мумкин аст?!
Сарвари давлатамон ба мо барои бунёди Ӯзбекистони нав боварӣ бахшид, худро канор нагирифт ва худ барои ҳама намунаи ибрат мешавад. Ҳар як соҳа, ҳар як инсон ҳамеша дар мадди назаранд. Ман аз он ки дар бунёди Ӯзбекистони нав иштирок дорам, аз ҳамсафии худ бо Президентамон, ки корвони босалоҳиятро ҷониби ренесанси сеюм далерон пеш мебаранд, ифтихор дорам.
На як ман, балки тамоми ҷаҳон, кишварҳои пешқадамтарин ғояҳо дар нутқи Президенти Ӯзбекистон бударо эътироф мекунанд, ба ҷаҳон намуди нав тақдим намудани Ӯзбекистонро тан мегиранд.
Ҳар касе чӣ гӯяд, бигӯяд, ҳама ҳуқуқи сухан карданро доранд, аммо ин нидои дили ман аст!
Онҳое, ки ба гуфтаашон ҷавоб дода наметавонанд, ба атроф нигаранд ва андеша кунанд. Дирӯз дар чӣ хел аҳвол будему имрӯз чӣ хел ҳастем? Онҳое, ки демократия нест гуфта фарёд мезананд, бигӯянд, магар онҳое, ки дирӯзакак сиёсатро танқид мекарданд, чанде пеш дар зиндони Ҷаслиқ зиндонӣ намешуданд? Имрӯз ин зиндон комилан нест шудааст! Магар ин давлат ба онҳо ҳуқуқ надод, ки ҳозир сухани дили худро бигӯянд?
Ҳамватанони азиз, сарвари давлати мо ҷомеаи ҷаҳонро ба муттаҳидӣ даъват намуда ҳафр зад. Пас биёед, дар ҳамбастагӣ мо ба ҳама намуна бошем. Биёед, дар атрофи Президентамон муттаҳид шуда, якҷоя кор кунем, дӯст доштан ва эҳтиром кардани Ватанамонро омӯзем. Он гоҳ мо ба як давлати пуриқтидор, доно ва тавоно табдил меёбем. Дар ин бобат ҳеҷ шакке нест.
Эркинҷон ТУРДИМОВ,
ҳокими вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ