Варзиш

Кумуш рекорди ҷаҳонро нав кард

Тавре, ки хабар дода будем, рӯзҳои 6-10-уми феврали соли ҷорӣ дар Самарқанд байни варзишгарони соли таваллудашон 2002-2006 доир ба атлетикаи вазнин чемпионати Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Дар мусобиқа қариб 250 нафар варзишгарони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар 10 тоифаи вазнӣ қувва озмуданд.
Дар баҳсҳои байни духтарон намояндаи вилоятамон Кумушхон Файзуллоева аз рӯйи тоифаи вазни то 64 килограмм иштирок карда, дар якбора бардоштан 97 килограмм штангаро бардошта, соҳиби медали тилло гардид ва аз рӯйи ҳамин тоифаи вазн байни наврасон рекорди ҷаҳонро нав кард.
Инчунин, Кумуш, ки чемпиони ҷаҳон байни ҷавонон, чемпиони олимпиада байни наврасон мебошад, дар такон дода бардош­тан 121 килограмм штангаро бардошта, дар тоифаи вазни худ бо натиҷаи 218 килограмм беҳтарин эътироф гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ