Соли оянда форумҳои муштараки зиёиён ва ҷавонони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд

Соли оянда форумҳои муштараки зиёиён ва ҷавонони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳо кард.
Тавре “Азия-Плюс” хабар дод, аз ҷумла, А.Орипов дар бораи зарурати ояндаи наздик зиёд кардани ҳаҷми гардиши мол байни Ӯзбекистону Тоҷикистон то ба 1 млрд доллар изҳори назар кардааст.
“Савдои дуҷониба ба имконоти кишварҳои мо ҷавобгӯ нест, — гуфтааст Орипов. — Солҳои наздик мо бояд ҳаҷми онро то ба 1 млрд доллар расонем. Барои ин аз ҳама имконот бархӯрдорем, зеро захираҳои зиёди истифоданашуда дар ин самт мавҷуд аст”.
Ӯ қайд кардааст, ки соли равон бар асари сирояти коронавирус ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта, лекин бо Тоҷикистон ба андозаи 4,3% афзуд ва 317 млн долларро ташкил дод.
Ба ақидаи сарвазири кишвар, “вақти он расидааст, ки ба ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи илм ва тиб низ густариши бештар бахшида шавад”.
Абдулло Орипов инчунин пешниҳод кард, ки соли оянда форумҳои муштараки зиёиён ва ҷавонони ҳар ду кишвар, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гузаронида шуда, дар Душанбе як силсила консертҳои муштарак ва дигар чорабиниҳо роҳандозӣ карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ