Мукофот ба шахсони бомеҳру саховатпеша

Мукофот ба шахсони бомеҳру саховатпеша

  • Post category:Ҷамъият

Дар байни онҳое, ки бо фармони Президентамон аз 26 – уми август бо нишони сарисинагии « Меҳр – саховат» мукофотонида шуданд, аз вилояти Самарқанд низ як гурӯҳ ходимони тиббиёт, тадбиркорон, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ буданд.
Имрӯз дар ҳокимияти вилоят маросими бо тантана супурдани ин мукофотҳо баргузор гардид
Ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов таъкид кард, ки имсол дар даври дар миқёси ҷаҳон васеъ паҳн шуда, ба муаммои глобалӣ табдил ёфтани пандемияи коронавирус, дар рӯзҳои ба сари халқу диёрамон омадани санҷишҳо вакилони бисёр соҳаҳо фидокорона меҳнат карданд. Бо кӯмаки тадбиркорон ва одамони босаховат ба қабати ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ ёрии моддӣ ва маънавӣ расонида мешавад. Ҳаракати умумимиллии “Саховат-кӯмак” дар муддати кӯтоҳ ба воситаи қулай ва самараноки муттаҳид кардани халқамон ва дар вазъияти душвор ба бисёр оилаҳо расонидани мадад табдил ёфт. Роҳбари давлатамон бо мақсади эътироф кардани меҳнати фидокоронаи ҳамдиёрон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ин корҳо ва рағбатнок кардани онҳо бо фармони худ аз 26 –уми майи соли 2020 нишони сарисинагии “Меҳр –саховат” таъсис дода буд.

Дар маросим ба 36 нафар ходимони тиббиёт, тадбиркорон ва шахсони босаховат нишонҳои сарисинагӣ ботантана супорида шуд.

-Ду сол пеш хазинаи “Хайрия ишлари”-ро ташкил карда будам, –гуфт магистранти соҳаи иқтисоди Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд Ширин Мирзоева. –Дар он вақтҳо чунин тадбирҳои хайриявии оммавӣ набуданд. Ба оилаҳои эҳтиёҷманд то ҳадди имкон ёрӣ мерасондем. Дар даври пандемия шумораи оилаҳои ба кӯмак мӯҳтоҷ зиёд шуд. Ҳамаи имкониятамонро сафарбар карда, ба оилаҳои камтаъмин, пирони танҳо, бачаҳои бепарастор хӯрокворӣ ва сарулибос додем. Дар таъмири хонаҳояшон ёрӣ расондем. Муҳимаш дар шароити вазнин ба халқамон нафъамон расид, ки аз ин хурсандем. Бо нишони сарисинагии “Меҳр-саховат” қадр гардиданамро интизор набудам. Ин муқофот кори оғознамудаамонро боз ҳам инкишофу равнақ медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ