Амири нави Кувайт савганд ёд кард

Амири нави Кувайт савганд ёд кард

  • Post category:Ҷаҳон

Навоф ал Аҳмад ал Ҷобир ас Сабоҳи 83-сола амири нави Кувайт эълон шуд. Ӯ шаҳзодаи меросхӯр буд. Дар ин бора Associated Press хабар дод.
Маросими савганд ёд кардани амири нав дар порлумон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Сабоҳ ал-Аҳмад ал Ҷобир ас Сабоҳ, амири қаблии Кувайт рӯзи гузашта дар синни 91-солагӣ даргузашт. Ба муносибати вафоти ӯ дар аморат мотами 40-рӯза эълон шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ