Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо нишони “Буюк хизматлари учун” сарафроз шуд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон бо фармони махсус ба муносибати Рӯзи омӯзгорон се узви барҷастаи ҷунбиши ҷадидон – Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдулло Авлонӣ ва Мунавварқорӣ Абдурашидхоновро бо нишони “Буюк хизматлари учун” сарфароз кард. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дод.
Дар хабар чунин гуфта мешавад, “Хабари бо нишони “Буюк хизматлари учун” сарфароз шудани Абдулло Авлонӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва Мунавварқорӣ Абдурашидхонов, ки барои таъмини зиндагии озоднаву фаровони халқи худ фидокорӣ карданд ва барои роҳандозии системаи таълиму тарбияи миллӣ саҳми арзанда гузоштанд, эълон шуд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ