Дар Душанбе корхонаи муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз кард

Дар Душанбе корхонаи муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз кард

  • Post category:Ҷаҳон


Абдулло Арипов ва Қоҳир Расулзода, сарвазирони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Рустам Эмомалӣ, ҳокими шаҳри Душанбе дар маросими ба истифода супурдани корхонаи муштараки ду кишвар дар пойтахти Тоҷикистон иштирок карданд. Дар ин бора ӮзА хабар дод.
Арзиши корхонаи «Artel Avesto Electronics» 60 миллион доллар мебошад ва он ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ аст. Корхона дар оғоз ҷорӯби барқӣ (плесос) ва аристон истеҳсол мекунад. Дар оянда истеҳсоли телевизор ва мошини ҷомашӯӣ ба роҳ андохта мешавад.
Ба кор андохта шудани ин корхона ифодаи амалии кӯшишҳои раҳбарони ду кишвар барои боло бурдани муносибатҳои дуҷониба мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ