Натиҷаи нишасти тадбиркорони Ӯзбекистону Тоҷикистон: Лоиҳаҳои нав ба арзиши 50 миллион доллар

Натиҷаи нишасти тадбиркорони Ӯзбекистону Тоҷикистон: Лоиҳаҳои нав ба арзиши 50 миллион доллар

  • Post category:Ҷаҳон


Тадбиркорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар чорчӯби бизнес-форуми Душанбе тавофуқномаҳои нави ҳамкорӣ ба арзиши 50 миллион долларро имзо карданд.
Дар ин нишаст беш аз 300 нафар намояндаи ҳукуматӣ ва бахши хусусӣ, роҳбарони корхонаву созмонҳои давлатии ду кишвар иштирок карданд.
Баъди ба охир расидани қисми расмии нишаст мулоқотҳои дуҷонибаи тадбиркорони тоҷику ӯзбек баргузор шуд. Тадбиркорон дар ин мулоқотҳо чандин санади ҳамкориро имзо карданд.
Бино ба хабари кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, дар чорчӯби бизнес-форум 15 санади ҳамкорӣ ба арзиши 50 миллион доллар имшо шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ