Дувумин ваксинаи Русия низ патент гирифт


“Вектор” — пажӯҳишгоҳи вирусология ва биотехнологияи Русия барои ваксинаи зидди коронавирус патент дарёфт кард. Дар ин бора Meduza хабар дод.
Бино ба хабари “Роспатент”, ин дору “ЭпиВакКорона” ном гирифт ва баъди “Спутник V” дувумин ваксинаи зидди коронавируси Русия шуд.
Ваксинаи “Спутник V” маҳсули кори олимони маркази эпидемиология ва микробиологияи Гамалея мебошад ва озмоишҳои он ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки вазорати тандурустии Русия дар моҳи сентябр ба озмоишҳои савумин ваксинаи зидди коронавирус иҷозат дод. Савумин ваксинаи зидди коронавируси Русияро мутахассисони пажӯҳишгоҳи доруҳои иммунобиологӣ ба номи Чумаков сохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ