Дар як моҳ 104 нафар донишомӯзи мактабҳои Қазоқистон мубталои коронавирус шуданд


Дар Қазоқистон аз оғози соли таҳсил то ба имрӯз 104 нафар донишомӯз мубталои коронавирус шуданд. Дар ин бора “Хабар 24” ба нақл аз Алексей Сой, вазири тандурустии Қазоқистон хабар дод.
Ҳамчунин, дар ин муддат аз миёни 240 нафаре, ки бо ин донишомӯзон мулоқот кардаанд, 15 тан бемор шудаанд.
Ба гуфтаи вазир, дар сурате, ки таҳсил комилан анъанавӣ мешуд, шумори мулоқот кардагон бо беморон тақрибан 1500 нафар мешуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ