“Қасос барои карикатураи пайғамбари ислом”


Як зодаи 18-солаи Покистон, ки рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ дар 11-умин ноҳияи Париж ду нафарро захмӣ кард, гуфт, ки барои карикатураи пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в) қасос гирифтааст. Дар ин бора Евронюс хабар медиҳад.
Дар маҳалле, ки ҷавони покистонӣ ба ду нафар ҳамла кард, пеш бинои маҷаллаи “Шарли Эбдо” – нашркунандаи карикатураи пайғамбари ислом ҷойгир буд.
Ҷавони боздоштшуда худро бо номи Ҳасан Алӣ шинос кардааст, ҳамчунин ӯ гуфта, ки ба ягон гурӯҳи террористӣ робита надорад. Ӯ се сол пеш ба Фаронса омадааст.
Дар ин рӯзҳо додгоҳи (суд) Париж парвандаи ҷиноии ҳамлаи терроистӣ бар зидди кормандони маҷалла “Шарли Эбдо”-ро баррасӣ мекунад. Маҷалла ба ин муносибат дубора карикатураҳои ҷанҷолиро мунташир кард. Ҷавони покистонӣ намедонист, ки нашрия ба ҷои дигар кӯчидааст ва осебдидагонро кормандони маҷалла фикр кард. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.
Пулиси Фаронса боз 5 нафари дигарро ба гумони иштирок дар ин ҳамла боздошт кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ