Туркия ҷангҷӯёнро аз Сурия ба ёрии Озарбойҷон мефиристад?


Туркия дар шаҳри Африни Сурия ду маркази интихоби ҷангҷӯёнро барои фиристодан ба Озарбойҷон боз кард. Дар ин бора рӯзномаи Afrin Post хабар дод.
Ба навиштаи рӯзнома, марказҳои интихоби ҷангҷӯён дар мактабҳои Амир Гобарӣ ва Аҷар Африн “фаъолият доранд”. Шумори довталабон хеле зиёд буда, дар марказҳо навбатҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳукумати Туркия ба ҷангҷӯёни сурӣ музди ҷанг дар Ливияро кам кардаааст ва ба ин далел шумори довталабон ба ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ хеле зиёданд.
Чанде пеш созмони ғайриҳукуматии “Обсерваторияи ҳуқуқи башари Сурия” (SOHR), ки қароргоҳи он дар Лондон аст, ба нақл аз манбаъҳои боварноки худ хабар дод, ки дастаҳои ҷангҷӯёни Сурия, ки зери назорати Анқара мебошанд, аз тариқи Туркия ба Озарбойҷон равона шудаанд.
Бино ба маълумоти SOHR, худи ҷангҷӯён гуфтаанд, ки бар ивази музди 1,5-2 ҳазор доллар барои ҳифзи сарҳади Озарбойҷон мераванд.
Ҳукуматҳои Туркия ва Озарбойҷон ҳанӯз ин хабарҳоро тавзеҳ надодаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ