Кӯдакистони нави «Парвоз» шароитҳои хуби замонавӣ дорад

Кӯдакистони нави «Парвоз» шароитҳои хуби замонавӣ дорад

  • Post category:Ҷамъият

Чанде пеш дар маркази маҳаллаи Гулободи ноҳияи Самарқанд ташкилоти таълими томактабии нав – «Парвоз» ботантана кушода шуд. Дар расми кушоди он роҳбарони ноҳия, Садорати таълими томактабии вилоят ва фаъолони маҳалла иштирок карданд.

Кӯдакистон дар асоси шарикии давлативу хусусӣ дар назди Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қӯрғони калон» бунёд шудааст. Он барои тарбияву парвариши 120 нафар кӯдакон пешбинӣ гардидааст. Барои парвариш, тарбиягирӣ ва бозиву фароғати кӯдакон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Мувофиқи гуфтаи муассиси кӯдакистон Мамадқул Шарифов дар ин ҷо ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзишӣ сохтаанд. Қисми асосии меваю сабзавоти хӯроки кӯдакон аз ҳисоби боғу замини даруни ҳавлии боғча таъмин карда мешавад. Нияти сохтани гармхона ҳам доранд.

Кӯдакистони нав аллакай беш аз 20 нафар тарбиягирандагони худро ба оғӯш гирифт. Ба таълиму тарбияи онҳо Гулноза Абулхайрова, Зарнигор Маҳмудова, Соҷида Ҳотамова, Маҳина Ҳакимова машғуланд. Хоҳари шафқат Зиёда Фахриева ҳамеша аз саломатии бачаҳо бохабар аст. Ошпазҳо Дилдора Тӯрақулова ва Мавлуда Холова барои кӯдакон хӯрокҳои болаззат тайёр мекунанд.

– Мо барои он ба кӯдакистонамон «Парвоз» ном мондем, ки парвози одам аз давраи хурдсолӣ оғоз меёбад, – гуфт мудири ташкилоти таълими томактабӣ Соҷида Фахриева. – Пойдевори таълиму тарбия аз хурдсолӣ нағз гузошта шавад, ояндаи насли навраси мо ҳамон қадар дурахшон мегардад. Мақсади мо ба таълиму тарбияи бачаҳо эътибор дода, дар дилашон меҳру муҳаббати илму маърифатро бедор гардонидан ва барои дар оянда шахсони сазовори ҷамъият шуда ба воя расидани онҳо ёрӣ расондан мебошад.

Б.РУСТАМЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ