“Пахтакор” бо натиҷаи 0 бар 2 мағлуби “Персеполис” шуд

“Пахтакор” бо натиҷаи 0 бар 2 мағлуби “Персеполис” шуд

  • Post category:Варзиш


Шаби гузашта ҷамоаи “Пахтакор”-и Тошканд дар даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё бо “Персеполис”-и Эрон рӯбарӯ шуд. Ҷалолиддин Машарипов дар дақиқаи 15 ба пои футболбози эронӣ дағалона зарба зад ва дар натиҷа бо корти сурх бозиро тарк кард. “Пахтакор” даҳнафарӣ қисми аввалро бо натиҷаи 0 бар 0 ба поён расонд. Аммо дар қисми дувум Исо ал-Касир, ҳуҷумгари теҳрониён ду бор дарвозаи тошкандиёнро ишғол кард ва бозӣ бо натиҷаи 0 бар 2 ба охир расид.
“Персеполис” акнун дар даври ниманиҳоии мусобиқа бо “Ал Наср”-и Арабистони Саъудӣ рақобат мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ