Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ… Қадри баҳои мард на аз ҷисми фарбеҳ аст, Бал қадри мард аз сухану илм пурбаҳост. Носири ХИСРАВ

Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ… Қадри баҳои мард на аз ҷисми фарбеҳ аст, Бал қадри мард аз сухану илм пурбаҳост. Носири ХИСРАВ

Ашӯрбой чун одат барвақт аз хона баромад, то ки яке аз аввалинҳо шуда ба мактаб ояд. Талу тепа ва долу дарахтон баъди борони аввали шаб ҳусни худро дигар карда буданд. Боди сарди тирамоҳ ба машоми ӯ бӯйи хуши рустаниҳо ва меваҳои хушки кӯҳро расонд. Шамоли сабук аз шохҳо баргҳои қирмизиранги дарахтҳоро барканда, дар ҳаво печутоб дода, ба чор тараф пош медод. Чорвои мардум аз кӯчаҳо насиба чида, сӯи кӯҳсор ба чарогоҳ мерафтанд. Бо вуҷуди ҳавои нофорам фавҷ-фавҷ бачаҳо дар майдони варзишӣ, ки дар ноҳия ягона аст, аз паси тӯб метохтанд.

Ӯро посбони мактаб хуш пазируфта аз барвақт омадани фасли тирамоҳ хабар дод. Ашӯрбой тасдиқомезсар ҷунбонд ва ба утоқи кориаш гузашт. Дере нагузашта омӯзгорон як-як ҷамъ омаданд.

Ин дафъа ҳам машварати навбатии муаллимони ноҳия бо тарзи онлайн баргузор гардид. Дар мактабҳо ҳозирон ба суханҳои солоронаи мудир Баҳриддин Мардонов бо диққат гӯш медоданд. Мудир дар маърӯзаи таҳлилии худ аз навоварӣ, навҷӯӣ ва пешбинии сарвари таълимгоҳи рақами 18-уми Оҳалик Ашӯрбой Шоҳмақсудов ҳарф зада, хабар дод, ки аз рӯи рейтинги ба мактабҳои олӣ дохил шудани хатмкунандагон дар ноҳия мактаби мазкур ҷои аввалро гирифтааст.

– Ман ба як чиз ҳайрон, – иқрор шуд Баҳриддин Ҳабибович, – мактаб дар деҳаи дурдаст, бағали кӯҳсор ҷойгир буда, таҳсил соф тоҷикист, аммо аз 28 нафар хатмкунанда 10 нафар номи донишҷӯи мактаби олиро гирифтаанд. Ман аз имконият истифода бурда, акои Ашӯрбойро бо ин комёбӣ табрик гуфта, дастовардҳои нав ба нав таманно дорам. Ва ба директорҳои ноҳия таъкид мекунам, ки аз ӯ ибрат гиранд!

Ашӯрбой фақат як калима – «ташаккур» гуфту халос. Гарчанд ӯ сухандону сухансанҷ аст, вале ҳамеша камгуфтор мебошад. Ин хислат аз падари бузургвору модари муқаддас ва устодонаш мерос мондааст. Онҳо таъкид мекарданд, ки ситоиш воситаи олиҷанобест барои барангехтани мардум ба кори шоиста ва дашном далели касонест, ки ҳақ нестанд. Кори неку номи нек.

Ёде аз бачагӣ

Соли 1976 вай чун аввалин бор пой ба остонаи дабистон ниҳод, сарвари таълимгоҳ Шодмон Қаюмзода ба муаллима Фотима Ашрафова супорид. Ӯ фарзанди худро ба оғӯш гирифт, навозиш кард ва бо ҳамсолонаг ба синф ворид намуда сабақ дод. Сипас дар тӯли 10 сол аз устодони меҳрубон, вале сахтгир ҳоҷӣ Нурмуҳаммад Ҳанифов, Муҳаммад Раҳмонов, Ҳусейн Ғиёсов, Саломат Расулова, Муҳаммад Ёдгоров, Насим Обидов, Ҳамроқул Нуриллоев, Додарой Олимова, Аббос Бӯстонов бисёр чизҳоро омӯхт. Аз ҳама муҳимаш, ба касби омӯзгорӣ дил баст. Баъди ба даст гирифтани дипломи имтиёзноки мактаби олӣ бо зебосанами оҳаликӣ – хатмкунандаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Мукаммал Раззоқова дил басту боз ба зодгоҳ омад.

Тобистони соли 1990 тӯи арӯсии навҷавонон ба вуқӯъ пайваст.

Сӯҳбат бо сарвари таълимгоҳ Насим Обидов (равонаш шод бод!) ниҳоят самимона ва дилнишин гузашт. Директор ба ӯ гуфт, ки таълимгоҳ ба ҷавонони соҳибистеъдоду донишманд ниёз дорад.

– Ояндаи давлату миллат бар дӯши шумоён асту мо насли наврасро ҳамеша дастгирӣ мекунем, – гуфт бо ҳисси шодмонӣ Насим Обидов. – Чанд сол мегузарад ва шояд шумо ба ҷои ман директор мешавед. Зеро қобилияти нотиқӣ ва идоракунии мардумро доред.

Барои омӯзгори ҷавон ин суханҳо таконбахши ҷиддие буданд, ки дар дили ӯ шарари умед ва муҳаббат ба касби омӯзгориро фурӯзон кард. Вай солҳои тӯлонӣ аз фанни таърих ва кишваршиносӣ ба фарзандони зодгоҳаш сабақ дод, ки аксарият пешаи омӯзгорӣ намуданд. Аҷибаш дар он аст, ки бо амри тақдир ду соли охир вай директори мактаби рақами 18-уми Оҳалик аст. Дар муддати кӯтоҳ мактаб аз ҳар ҷиҳат комёбиҳои назаррасро ба даст меоварад.

– Оҳалик на танҳо бо табиати нотакрору манзараҳои дилфиреб, инчунин фарзандони барӯманд маълуму машҳур аст, – иброз дорад Ашӯрбой Шоҳмақсудов. – Доктори фанҳои биологӣ Маматқул Икромов, адиби маъруфи тоҷик Шодон Ҳаниф, доктори фанҳои физика Шодӣ Ҳотамов, ҳофизи маъруф мулло Аҳрори Оҳаликӣ, устоди устодон Исҳоқ Исмоилзода, Ҷаҳон Ҷамолов, Ӯрунбой Қодиров, Пардаевҳо, шифокори соҳибтаҷриба Абдусалом Ҷабборов, аввалин сарвари хоҷагии давлатии «Меҳробод» ҳоҷӣ Соҳибназар Назаров, генерал А. Ҷабборов, Фазогир Ёдгоров, имом-хатиби деҳа Ҳоҷӣ Фазлиддин Расулӣ ва даҳҳо дигарон фахру ифтихори мо ҳастанд. Ана барои чӣ ман дар ҷамъомад ва маъракаҳо такрор ба такрор исму насаби онҳоро ба хотир оварда, ба ҳозирон талқин мекунам, ки мо бояд ворисони муносиби онҳо шавем.

– Додари азизам Ашӯрбой, бо супориши идораи рӯзнома ба мудири таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов занг зада пурсидам, ки ба муносибати иди касбии муаллимон доир ба кӣ мақола нависам? Вай исму насаби шуморо гуфт…

– Сипос ба мудир ва муҳаррири рӯзнома. Аммо рост гуфтаанд, ки парранда бо қаноташ. Болу такягоҳи ман ҷамоаи аҳлу тифоқи мактаб аст. Ҷонишинам Анвар Адашқулов, мудири қисми илмӣ Гулшаной Иброҳимова, омӯзгорони фанни забони модарӣ Аниса Болтаева, биология Дилдора Халилова, кимиё Хурсандой Бозорова, риёзӣ Далер Ёров, таълими ибтидоӣ Соҳиба Аҳророва, Самара Ӯрунова, Заррина Ҳотамова, Шаҳло Солеева ва дигарон ба маънои том устодони соҳибтаҷриба ва соҳибэҳтиром ҳастанд. Шогирдони онҳо дар олимпиада ва озмунҳои вилоятӣ ҷойҳои фахриро ишғол менамоянд.

– Сӯҳбати мо дар арафаи иди касбии омӯзгорон ҷараён мегирад…

– Аз имконият истифода бурда, ҳамкасбонро бо Рӯзи муаллим ва мураббиён табрик гуфта тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Фаромӯш накунем, ки мактабсозӣ ғайр аз илму дониш додан миллатсозӣ ва ояндасозист. Дар таълимгоҳи мо ҷараёни таълим комилон бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Бояд таъкид кард, ки «ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад, омӯхтани сад забон осон гардад». Чӣ ҷойи руст кардан аст, аксарият ба қадри забони модарӣ намерасанд.

Ҳатто мансаб доранд, маблағу имконият дорад, вале ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» обуна намешаванд. Охир маҳз ҳамин рӯзномаҳо минбари тоҷикон буда, дарду доғ ва муаммоҳои онҳоро ифшо месозанд-ку?! Сонӣ, ба забони модарӣ таҳсил гирифтан ба ихтиёри волидайн аст. Лекин афсӯс, ки баъзеҳо алла ва шири модари тоҷикро фаромӯш мекунанд.

Ва дар поёни сӯҳбатамон боз чанд мисраъ аз Абдураҳмони Ҷомӣ қироат мекунам, ки дар ситоиши омӯзгорон ва мактаб аст:
Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомӯши дабистонаш,
Сабақ нодонию доно дилам тифли сабақхонаш,
Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кӯҳе
Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
Забон ҷуз безабонӣ нест ин нодир муаллимро,
Дареғо, дар ҳама олам надонам кас забондонаш…

Воқеан, сухандони боистеъдод, марди нексиришту дарёдил, ки қалби ҳассос ва софу беғаш ва аз муҳимаш ҷонбахши забони модарӣ аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ