Чаро аксарият наметавонанд хоби худро ба ёд биёранд?

Чаро аксарият наметавонанд хоби худро ба ёд биёранд?

  • Post category:Саломатӣ


Одам аз се як ҳиссаи умри худро дар хоб сипарӣ мекунад. Вале, аксарият хоби худро наметавонанд ба ёд биёранд. Мутахассисони нейробиологияи донишгоҳи Монаши шаҳри Мелбурни Австралия сабаби фаромӯш шудани хобро кашф карданд. Фаромӯш шудани хоб вобаста ба хусусияти кори мағзи сар мебошад.
Қисмҳои гуногуни мағзи сари одам на якбора, балки бо навбат ба хоб мераванд. Як қисми мағзи сар, ки гиппокамп ном дорад ва масъули интиқоли маълумот аз хотираи кӯтоҳмуддат ба хотираи дарозмуддат аст, дар охир хомӯш мешавад. Ҳамчунин, гиппокамп нисбат ба дигар қисмҳои мағзи сар дертар бедор мешавад. Вақте, ки одам бедор шуд, маълумот дар бораи хоб ҳанӯз дар хотираи кӯтоҳмуддат ҷойгир мебошад. Гиппокамп, ки ҳанӯз “дар хоби ширин аст”, табиист, ки маълумотро аз хотираи кӯтоҳмуддат ба хотираи дарозмуддат намефиристад. Дар натиҷа, мағзи сар наметавонад, маълумот дар бораи хобро нигоҳ дорад.
Олимони мактаби тибби Ҳарвард барои нигоҳ доштани хоб чандин усулро пешниҳод мекунанд. Масалан, об нӯшидан пеш аз хоб одамро дар нимашаб бедор мекунад ва дар натиҷа гиппокамп низ фаъол мегардад. Дуруст аст, ки ин усул ба сифати хоб таъсир мегузорад ва ба истироҳати организм халал мерасонад. Ҳамчунин, олимон мегӯянд, ки агар одам пеш аз хоб чандин бор ба худ таъкид кунад, ки бояд хобашро дар ёд нигаҳ дорад, ин усул низ ёрӣ мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ