Иқтисод

Шӯҳрати ҷаҳонии санги Зиёвуддин

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ӯзбекистониву Британиягӣ – “GRANITE-MINING”-и ноҳияи Пахтачӣ барои бинокорони вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд ва Ҷиззахи мамлакатамон дар як моҳ ба микдори 1 миллион кубометр панҷ намуди гранитро аз шебени 20-40 миллиметрӣ бо омехтаи қисмҳои санг, қум ва шебен истеҳсол менамояд. Сармоягузорони англис ба корхона 4 миллион доллар ва 11 миллиард сӯм инвеститсия дохил намуданд. Тадбиркорони ноҳия аз “Саноат қурилиш банки” Ӯзбекистон ба миқдори 6 миллиард 587 миллион сӯм ва 150 ҳазор доллари амрикоӣ кредит гирифтанд.
Ҳамаи техникаҳое, ки дар кӯҳи Зиё­вуддин фаъолият доранд нав ва аз хориҷа оварда шудаанд.

Муҳандиси техникаи бехатарӣ Қаҳ­ҳор Ҷӯраев, маршейдер Асад Очилов, роҳбари смена Нуриддин Ҷӯраев ва чанди дигар дар ҳар ҷабҳа пешқадаманд. Бештари коргар-хизматчиён мутахассисони соҳиби маълумоти миёнаи махсус ва олӣ буда, аз шаҳрҳои Навоӣ, Самарқанд ва Тошканд мебошанд. Барои ҳамаи коргар-хизматчиён таом ройгон буда, 2-то автобуси “Самавто” дар хизмат аст,- мегӯяд коргузори корхона Марсел Бойбеков.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ