Имрӯз сухандони ширинзабони сайқали рӯйи замин, бонуи фарҳангдуст ва бедордил Шаҳло Аҳророва зодрӯз дорад.

Имрӯз сухандони ширинзабони сайқали рӯйи замин, бонуи фарҳангдуст ва бедордил Шаҳло Аҳророва зодрӯз дорад.

Хизматҳои Шаҳло Аҳророва барои пойдорию густариши забони тоҷикӣ дар Самарқанди қандманд, тарғиби рӯзнома дар байни муштариён арзанда аст. Тавассути садою симо Шаҳло Аҳророва забони ширадори моро тарғиб менамояд. Дар ҳар анҷуману маҳфиле, ки Шаҳлобону сухан мегӯяд, атрофиён мафтуну шайдои ин забони биҳиштӣ мешаванд. Садои форами ин бонуи ҳунар бигзор солҳои зиёд танинандоз гардаду маҳфилорои базмҳо бошад.
Аз номи таҳририяти “Овози Самарқанд” ва муштариёни он Шаҳлобону Аҳророваро бо зодрӯз муборакбод менамоем:
Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур,
Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур.
Ёрон ба канору зодрӯзат хушрӯз,
Эй бор Худо, чашми бад аз рӯи ту дур.

Зодрӯз муборак бошад. Саломату сарбаланду саодатманд бошед!

Бо эҳтиром ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ