Функсияи нави Телеграм: Акнун метавонед дар каналҳои шабака шарҳ гузоред


Павел Дуров, асосгузори Telegram дар бораи функсияи нави шабакаи иҷтимоъӣ хабар дод.
Ӯ дар канали телеграмии худ навишт, “Имрӯз мо функсияи нави шарҳгузорӣ дар каналҳоро изофа мекунем. Баъди навсозии (обновления) Telegram шумо метавонед, дар баъзе каналҳо шарҳи худро гузоред.
Ба гуфтаи асосгузори мессенҷер, корбарон метавонанд паёми савтӣ, ва суратҳои GIF-ро дар каналҳо гузоранд. Дар зимн, администраторони каналҳо метавонанд маҳдудиятҳои муайянро ҷорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш дар Telegram функсияи тамоси тасвирӣ изофа шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ