Геологҳои ӯзбеку тоҷик ҳамкориро дар соҳаи иктишофи муштараки конҳо тақвият медиҳанд

Геологҳои ӯзбеку тоҷик ҳамкориро дар соҳаи иктишофи муштараки конҳо тақвият медиҳанд

  • Post category:Ҷаҳон

Тақвияти кор дар самти ҳамкории муштарак дар минтақаҳои наздимарзӣ, табодули таҷриба, ташкили конфронсҳои муштарак ва тренингҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони ҷавони соҳа, мубодилаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳисоб кардани захираҳои канданиҳои фоиданок аз масъалаҳое мебошанд, ки зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ Бобир Исломов, ки дар ҳайати намояндагони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаанд ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар доираи Созишнома оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи геология байни Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ баррасӣ шуданд.
Зимни ҷаласа зикр гашт, ки дар асоси Созишномаи баимзорасида корҳои муайяне анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд ҷаласаҳои кумитаи муштарак баргузор гардиданд, ки дар онҳо якчанд масъалаҳои мустақим ба нуктаҳои Созишнома дахлдошта ҳал карда шуданд.
Ҷонибҳо дар оянда ташкил кардани курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони ҷавонро дар тамоми соҳаҳои геология зарур шумориданд, зеро соҳаи геология дар айни замон ба мутахассисони баландихтисос ниёз дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ