Дар донишгоҳҳои тиббӣ таҳсили анъанавӣ оғоз гардид

Дар донишгоҳҳои тиббӣ таҳсили анъанавӣ оғоз гардид

  • Post category:Ҷаҳон


Имрӯз, 2 октябр донишҷӯёни ординатура, магистратура ва соли охири бакалавриати донишгоҳҳои тиббии Ӯзбекистон таҳсили анъанавиро оғоз карданд. Ин иқдом бар асоси қарори комиссияи махсус роҳандозӣ шуд.
Дар ин бора «Hudud24» хабар дод.
Ёдовар мешавем, то имрӯз дар ҳамаи донишгоҳҳо дарсҳо онлайн баргузор мешуд. Мактаб ва кӯдакистонҳо марҳила ба марҳила ба фаъолияти анъанавӣ бармегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ