Аз истеҳсоли нон то ба 36 навъи яхмос

Аз истеҳсоли нон то ба 36 навъи яхмос

  • Post category:Иқтисод

Дар корхонаи оилавии «Отаҷон ширинликлари», ки дар маҳаллаи Мирзо Улуғбеки ноҳияи Каттақӯрғон фаъолият дорад, коргоҳи аз нав коркарди шир таъсис ёфт. Дар корхона ҷурғот, сметана, қаймоқ, панир, творог, шири хушккардашуда, буридаи панир, инчунин, 36 навъи яхмосро истеҳсол карда мешавад.
– Фаъолияти худро аз истеҳсоли нон ва маҳсулоти нон оғоз намудем, – мегӯяд роҳбари корхона Камолиддин Санаев. – Сипас, мувофиқи талаби бозор истеҳсоли ширинвориҳоро ба роҳ мондем. Бо истифода аз имкониятҳое, ки ба соҳибкорон фароҳам оварда мешавад, доираи фаъолияти худро васеъ мекунем. Чанде пеш дар назди корхона коргоҳи аз нав коркарди маҳсулоти шириро кушодем. Дар коргоҳ бо ёрии таҷҳизоте, ки аз Хитой оварда шудааст, рӯзе 2 ҳазор литр ширро аз нав коркард менамоем. Соли оянда боз ҳам васеъ кардани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани истеҳсоли қуттиҳои картониро, ки барои бастубанди маҳсулот лозим аст, ба нақша гирифтаем. Барои ин аз Хитой таҷҳизот меорем ва дар натиҷа боз беш аз даҳто ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.

Бахтиёр МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ