Путин ба президенти ИМА ва ҳамсараш саломатӣ орзу кард

Президенти Русия Владимир Путин ба ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания саломатӣ орзу кард, хабар медиҳад котиботи кишвардори Русия.
Дар номааш раисиҷумҳур ба президенти ИМА ва ҳамсараш саломатӣ орзу карда, онҳоро дар ин рӯзҳои душвор дастгирӣ намуд.
«Бовар дорам, ки қобилияти ҷисмонии шумо, рӯҳияи хуб ва некбиниятон ба шумо дар мубориза бо вируси хатарнок кӯмак хоҳад кард», — қайд кардааст Путин.
Ёдрас мешавем, ки имрӯз президенти ИМА аз мубталошавии худ ва ҳамсараш ба коронавируси навъи COVID — 19 хабар дод. Ба гуфти пизишт, вазъи саломатии кишвардор ва ҳамсараш хуб аст .

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ