Чунгул номи таърихиву зебост

Чунгул номи таърихиву зебост

  • Post category:Ҷамъият

Баъди солҳои 1950 ба даштҳои ин тарафи Дарғам об баровардаанду хоҷагии коллективӣ бунёд шудааст. Барои наздик шудани рафтуомади деҳқонони хоҷагӣ, ки дар он тарафи Дарғам зиндагонӣ мекарданд, ба мардум қитъаҳои замин додаанд. Ҳамин тавр, қишлоқҳои нав пайдо гардидаанд. Онҳо, ки ба шарофати ҷӯйи нав бунёд шудаанд, номи Янгиариқро гирифтаанд. Ҳамин хел қишлоқу маҳаллаву деҳаҳо ба панҷ-­шаш адад расидаанд. Бо гузашти солҳо бисёр маҳаллаҳои Янгиариқ номҳои худро дигар кардаанд. Ҳарчанд деҳаи мо ҷойи таърихӣ бошад, ки ҳамон номи Янгиариқро дорад.
Ҳоло дар маҳаллаи мо дар 1503 хонавода 6215 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. 2425 нафари онҳо бачаҳову ҷавонони то 30-сола мебошанд. Мардуми маҳаллаи мо асосан бо деҳқонӣ, чорводорӣ ва боғу токдпарварӣ машғуланд. Солҳои охир шумораи тадбирконрон ва ҳунармандон ҳам зиёд мешаванд. 4320 нафар аҳолии лаёқатманди меҳнат бо корҳои доимӣ таъминанд. 1452 нафар сокинони маҳалла замини наздиҳавлигӣ доранд. Хоҷагиҳои фермерӣ 58 адад аст. Майдони умумии замини хоҷагиҳои фермерӣ 922 гектарро ташкил менамояд. Дар ҳудуди маҳалла 2 боғча, 2 мактаб, 9 дӯкони савдо, 4 нуқтаи хӯроки умумӣ амал мекунанд.
Ҳарчанд мардуми маҳалла аз ҳар куҷо омада, дар ин ҷо хонаву ҷой бунёд карда бошанд ҳам, аҳлу тифоқанд. Дар рӯзҳои ғаму шодӣ якҷоя амал мекунанд. Аз ҳамин сабаб, дар маҳалла низоъҳои оилавӣ, ҷангу ҷанҷолҳо ба назар намерасанд. Ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ободии рӯзгори худ, тарбияи фарзандон ва чун гул ободу зебо шудани маҳалла кӯшишу ҳаракат мекунанд.
Таърихи пайдоиши маҳаллаи моро пиронсолон хуб медонанд. Аз рӯйи нақли Ҷумъабобо Бозоров, ки соли 1942 таваллуд шуда, аз синни даҳ-­дувоздаҳсолагӣ ба ин ҷойҳо омаду рафт доштааст, умуман, даштҳои байни Дарғам ва деҳаи Оҳаликро дар замонҳои қадим Чунгул меномидаанд. Аз солҳои 1910 ба ин ҷо мардум меҳнат мекардаанд. Ҳамон вақтҳо дар ин ҷо саройҳои Зарифбобову Ҳусейнбобо будааст. Ҳоло сарҳавзи ҳамон ҷой мавҷуд мебошад.
Соли 1924 дар давраи шӯроҳо дар ин ҷо аэродром сохтаанд, ки самолётҳои, ба қавли халқ «кукурузний» парвоз мекардаанд. Баъди бо насосҳои обкашӣ ба ин ҷойҳо об баровардан сохтмони хонаву ҷойҳо оғоз ёфтааст. Мардуми деҳаҳои Чоршанбеву Бӯзӣ, Навбоғчиёну Хаймар ва гирду атрофи маркази собиқи ноҳия, ки аъзоёни хоҷагӣ будаанд, ба сохтани иморатҳо сар кардаанд. Аз аввалинҳо шуда Худойқулбобо, Усмонбобо, Назарбобо, Саидбобо, Салимбобо ва дигарон кӯчида баромадаанд. Дар пешрафти корҳои хоҷагӣ ва ободу зебо гаштани маҳаллаи навбунёд саҳми раисони хоҷагии пештара ва «Гулистон» Ҳабиб Мардонов, Аҳмадҷон Ҳамидов ва дигарон калон гардидааст. Ҳамон солҳои аввали лалмикорӣ, бунёди аэропорт ва баъди он ҳам мардум ин мавзеъро Чунгул мегуфтаанд.
Ин мавзеъ, яъне ҷойи маҳаллаи мо дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳам бисёр зикр гардидааст.
Масалан, то баровардани об ин ҷойҳо дашти беоб будааст. Агар оби Оҳаликсой хушк шавад, ин ҷойҳо, яъне дашт беоб мемондааст. Донишманди таърихи Самарқанд В. Вяткин дар як мақолаи соли 1928 чопшудааш навиштааст, ки 12 вёрст (чақрим) дар ҷануби Самарқанд, дар мавзеи Чунгул тобистони соли 1927 дар вақти кандани замин барои аэродром боқимондаҳои иморати калоне пайдо шуд.
Ин иморат зери хок монда будааст. Ва дар пеши назари одамон он хоктеппаи калоне барин менамудааст. Дар вақти бодиққат дида баромадани атрофи боқимондаҳои иморати кӯҳна В. Вяткин ба хулосае меояд, ки он қаср дар байни чорбоғ қад рост карда будааст. Яъне, ин боғи қадима ба 90 гектар баробар будааст. Тамоми замини ин ҷо бо девори похса иҳота шуда будааст, ки боқимондаҳои ин деворро Василий Вяткин бо чашмони худ дидааст.
Боғ аз рӯди Оҳаликсой обёрӣ мешудааст. Аз дарахтони он нишоне намондааст. Кӯшки шоҳона хонаву долонҳои зиёде доштааст. Толори марказии иморат дар шакли салиб будааст ва дар тарафи чапу рости он хонаҳои мураббаъ қарор гирифтааст. Ба ғайр аз ин, боз шаш адад хонаҳои дарозрӯя доштааст. Ҳамаи ин хонаҳоро панҷ долон ба ҳам пайваст мекардааст. Дар се долон боқимондаҳои зинапояи хишти пухта ёфт шудаанд, ки аз дуқабата ё сеқабата будани иморат гувоҳӣ медиҳанд… Вяткин аз рӯйи ҳашамати қаср бузургии боғ, нақшу нигори зиёди бино ба чунин хулоса омадааст, ки чунин чорбоғ ба яке аз сарватмандони замони Амир Темур тааллуқ доранд. Аз рӯйи мантиқ сарватманд ин хел чорбоғ сохта наметавонад ва чунин чорбоғ танҳо чорбоғи шоҳаншоҳӣ шуда метавонад. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки маҳаллаи мо яке аз чорбоғҳои Амир Темур будааст. Ба ақидаи баъзе муаррихон мавқеи чорбоғи Чунгул аз чорбоғи Давлатобод баландтар будааст. Журналист ва нависанда Адаш Истад оиди чорбоғҳои Амир Темур як қатор мақолаҳо навиштааст. Аз ҷумла, яке аз онҳо «Чунгул – чорбоғи Амир Темур» ном дорад, ки аввали солҳои 2000-ум дар матбуот чоп шудааст. Хулоса, мардум ҳаминҳоро ба назар гирифта, тарафдори онанд, ки маҳалла номи қадимаи худ – Чунгулро гирад.

Ӯткур ШАРИФОВ,
раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Янгиариқи ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ