Ҷаҳон равшан зи нури хиради ӯст…

Ҷаҳон равшан зи нури хиради ӯст…

  • Post category:Маориф

Агар барои бартараф гардидани торикии шаб ва сукути беинтиҳои он накҳати субҳ ва хуршеди дурахшон лозим бошад, барои ба роҳи дониш рафтану сабзидани орзуву мақсадҳои накӯ ва равшании зиндагии инсон омӯзгор нақши субҳ ва хуршедро дорад. Ин аст, ки аз ибтидои ҷомеаи башарӣ ҳамеша устодро роҳнамову роҳкушо ва тарбиятгару таълимдиҳанда меҳисобанду ба бузургияш арҷ мегузоранд.
Омӯзгор. Зери мафҳуми мазкур нафаре пеши назар меояд, ки ба омӯзонидани дигарон машғул асту наврасонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Беҳуда омӯзгорро чароғи ақлу нури маърифат намегӯянд.
Имрӯз дар роҳи пурифтихори омӯзгорӣ нафарони зиёде паи кор буда, бо фаъолияти пурсамари хеш тавонистаанд, то шогирдони зиёдеро ба роҳи дониш раҳнамоӣ созанду баҳрашон дарси зиндагӣ диҳанд. Яке аз чунин омӯзгорон Фарида Аҳмадова мебошад.
Муаллимаи хушбаён ва хушзабон Фарида Аҳмадова 18-уми июли соли 1956 дар деҳаи Боғибаланди ноҳияи Самарқанд (ҳоло шаҳри Самарқанд) таваллуд шудааст. Соли 1973 ба синфи якуми мактаби таълими умумии рақами 10-и зодгоҳ меравад. Фарида Аҳмадова аз замони таҳсил дар мактаби миёна мақсад гузошта буд, ки дар оянда ҳатман омӯзгор шуда, ба ташналабони роҳи дониш илм хоҳад омӯхт. Чунки аввалин ҳарфро дар мактаби деҳа омӯхтаву омӯзгорон тухми меҳр ва муҳаббати пешаи омӯзгориро дар замираш коштаанд.
Вай соли 1978 мактаби ҳамагониро бомуваффақият хатм намуда, шомили факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ гардид. Ҳамин гуна ҳадафи накӯяш буд, ки аз соли 1979 фаъолияти меҳнатии худро дар мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳия ба ҳайси омӯзгор оғоз намуд ва то имрӯз дар ин мактаб ба хонандагон асрори забони модарӣ ва фанни адабиётро меомӯзад.
Меҳру садоқат ба касб ва масъулият дар иҷрои рисолат аст, ки имрӯз миёни ҳайати омӯзгорони мактаб дорои ҷойгоҳи махсус мебошад. Ҳар як дарси худро ба таври хоса, бо истифодаи технологияҳои замонавӣ ва методҳои интерфаъоли “Ҳуҷуми ақлӣ”, “Кор бо ҷуфти хонандагон”, “Мубоҳиса” ва ғайра пурсамар мегузаронад.
Дар тӯли фаъолияти омӯзгорӣ Фарида Аҳмадова шогирдони зиёдеро ба воя расонида, имрӯз ҳар яке аз онҳо дар соҳаҳои интихобкардаи хеш комёбу муваффақанд. Ҳар гоҳе шогирдон дар роҳи дониш ба дастоварде ноил мешаванд, ӯ хушҳол мегардаду аз ин ки дар рушди малакаи зеҳнии наврасону ҷавонон саҳм гузоштааст, нафаси осуда гирифта, бо шогирдонаш мефахрад.
Муаллимаи навҷӯй ва фарҳангдӯст, омӯзгори тоифаи олӣ Ф.Аҳмадова дар ҷамъомад, анҷуман, семинарҳои хонишӣ дар мавзӯъҳои гуногун баромад карда, ба эътирофи мутасаддиён сазовор гардидааст. Борҳо дар зинаҳои ҳудудии олимпиадаҳои фаннӣ чун довар дониши хонандагонро баҳогузорӣ намудааст.
Талош, кору фаъолияти намунавӣ ва саҳм гузоштанаш дар таълиму тарбияи насли наврас буд, ки соли 2010 бо унвони Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қадрдонӣ гардида, инчунин, бо “Ифтихорнома”-и Садорат ва шӯъбаи таълими халқӣ сарфароз гардонида шудааст.
Вақте ки бо ин муаллимаи хушгӯю хушзабон сӯҳбат мекунед, эҳсос менамоед, ки дарвоқеъ, фидоии роҳи таълиму тарбия аст. Зеро аз ҳар нигоҳаш нури маърифат меборад. Оромтабиату дурандеш ва бо шогирдон самимиву меҳрубон аст. Маҳз чунин хислатҳои неки инсонияш боис гардида, ки дар дилу дидаи шогирдон ҷо шудааст. Ӯ дарси зиндагӣ меомӯзаду ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Сафедии мӯи сараш нишона аз ғаму андӯҳи зиндагӣ не, балки ҳар тори он баҳри он табдили ранг кардаанд, то наврасе дар роҳи дониш ворид шаваду тавассути илм ба сӯи фардои дурахшон равона гардад.

Касби омӯзгорӣ пешаи пурифтихор аст, — мегӯяд Фарида Аҳмадова. — Ҳар касбу ҳунар шавқ ва завқи худашро дорад, ки дар қалби инсон ҷо мегирад ва инсон талош менамояд, то онро аз бар намуда, дар ҷодаи дӯстдоштааш ба чизе дастёб шавад. Агар аз хурдӣ ва аз ҷавонӣ инсон нисбати ин ё он ҷода таваҷҷуҳ ва муҳаббат дошта бошад, билохира соҳиби ҳамон пеша шуда метавонад. Инак, беш аз 40 сол мешавад, ки омӯзгор шуда, насли наврас­ро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва миллӣ тарбия карда истодаем.

Савринисо НАРЗУЛЛОЕВА,
методисти шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ