Миссияи шифокорони россиягӣ ба охир расид, ду нафари онҳо бо нишони сарисинагӣ мукофотонида шуданд

35 нафар шифокорони россиягӣ, ки 18 — уми сентябр ба Ӯзбекистон барои ёрӣ дар мубориза бар зидди инфексияи коронавирус омада буданд, вазифаҳои барояшон муайяншударо иҷро карда, ба Ватани худ баргаштанд.Дар ин бора хизмати матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар дод.

Онҳо дар давоми ду ҳафта дар муассисаҳои тиббии чанд вилоят шуда, дар ҳамкорӣ бо шифокорони мо зидди инфексияи коронавирус мубориза бурданд.

Дар тадбире, ки ба гусели гурӯҳи ходимони тиббиёти россиягӣ бахшида шуд, ба роҳбари ҳайати намояндагон Константин Покровский ва шифокор Ирина Мичулина нишони сарисинагии » Аълочии тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» супурда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ