Дар 5 рӯзи ҷанг 1280 нафар сарбози Озарбойҷон кушта шуданд

Дар 5 рӯзи ҷанг 1280 нафар сарбози Озарбойҷон кушта шуданд

  • Post category:Ҷаҳон



Маркази матбуотиии ҷумҳурии эътироф нашудаи Кӯҳистони Қаробоғ дар бораи талафоти Озарбойҷон аз оғози 27 сентябр то 1 октябр хабар дод.
Дар 5 рӯзи аввали ҷанг 1280 нафар сарбози озарӣ кушта ва 2700 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, Озарбойҷон 90 дона дрон, 12 чархбол, 181 танк ва мошини сарбозони пиёда, 4 ҳавопаймо ва дигар муҳиммоти ҷангиро аз даст додааст.
Рӯзи 30 сентябр Озарбойҷон хабар дод, ки дар Қаробоғ беш аз 2 ҳазор нафар сарбози арманиро кушта ва захмӣ кардааст. Арманистон дар посух эълон кард, ки ин шумори талафоти якрӯзаи Боку аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 сентябр ҷанги Озарбойҷон ва Арманистон дар Кӯҳистони Қаробоғ аз нав оғоз шуд. Тарафҳо ҳамдигарро масъули оғози ҷанг хонданд. Дар ҳар ду кишвар вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ шудааст.

Ғоратгари масҷидҳоро дар Қарши боздошт карданд
Ҳусниддин Камолов, зодаи вилояти Андиҷон, ки дар масҷидҳои шаҳрҳои гуногуни Ӯзбекистон чизу чораи намозгузоронро дуздидааст, дар Қарши боздошт шуд. Дар ин бора барномаи “Замон”-и шабакаи телевизионии “Севимли” хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин шахс дар масҷидҳои вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах ва Фарғона ба ғорати чизу чораи одамон машғул шудааст.
Ӯ ҳангоми дуздии навбатӣ дар масҷиди “Нава”-и шаҳри Қарши боздошт шудааст.
Додгоҳи (суд) шаҳри Қарши Ҳусниддин Камоловро ба ҳабси 7 сол маҳкум кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ