Президент: андешидани чораҳо оид ба арзон кардани нархи гӯшт муҳим аст

Президент: андешидани чораҳо оид ба арзон кардани нархи гӯшт муҳим аст

  • Post category:Ҷаҳон

Рӯзи 2-юми октябр Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қароқалпоқ балиқ саноати»-и шаҳри Нуқус шинос шуд.
Корхона иқтидори дар як сол 200 тонна моҳӣ ва 5 миллион тухми моҳӣ истеҳсол кунад ва 5 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол намуданро дорад. Он моҳи июли соли равон ба кор сар кард, ки дар он 35 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуданд.
Аҳамияти лоиҳа дар он аст, ки корхона моҳиро ба тариқи интенсивӣ бо усули пӯшида парвариш хоҳад кард. Яъне, тавассути истифодаи такрории об миқдори зиёди об сарфа мешавад. Масалан, агар барои парвариши 200 тонна моҳӣ одатан 1,5 миллион метри мукааб об истифода шавад, дар ин ҷо 250 метри мукааб кифоя аст. Ин барои Қароқалпоқистон хеле муҳим аст. Дар корхона коргоҳи коркард ва яхдон низ ташкил карда шудааст.

Дар ин ҷо лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ муаррифӣ шуданд. Роҳбари давлат муҳим будани таъсиси кооперативҳои оилавиро дар соҳаи чорводорӣ, афзоиши саршумори парранда ва андешидани чораҳо барои арзон кардани нархи гӯштро алоҳида таъкид кард.
Дастур дода шуд, ки баҳисобгирии дақиқи замин ва об дар минтақа, аз ҷумла дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ сурат гирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ