Мевае, ки гул, мева, барг ва ҳатто пӯстлохаш фоидаовар аст

Мевае, ки гул, мева, барг ва ҳатто пӯстлохаш фоидаовар аст

  • Post category:Саломатӣ


Дӯлона ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх – инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дувумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад.
Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст.
Хусусияти доруии дӯлона аз қадим маълум аст. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино дӯлона талхаро фурӯ менишонад, хунравиро мебандад. Дар тибби халқӣ гул, мева, барг ва пӯстлохи дӯлонаро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷӯшоби барг ва чойи гулҳои хушку меваи дӯлонаро ҳангоми ғалаёни хун, сарчархзанӣ, дилзанӣ, хафақон, бехобӣ, неврози дил, зуком менӯшанд. Меваи тару тозаи онро чун воситаи исҳоловар тавсия медиҳад. Ба ақидаи табибони мардумӣ агар дӯлонаро истеъмол намоянд, ба бадан ғизо мешавад. Дар аъзои бадан қабзият пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, фишори баланди хунро паст мегардонад. Дӯлона қайро таскин бахшида, меъда ва ҷигарро қавӣ мегардонад, иштиҳо меорад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад. Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд. Истеъмоли аз ҳад зиёди дӯлона ба гурда зарар дорад. Иллати кулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, меъдаро заиф месозад. Миқдори як маротиба нӯшидан аз оби дӯлона то 90 г. ва аз мевааш то 55 г. аст.
Дӯлона ба миқдори зиёд витамини С, қанд (сахароза, фруктоза), фитостеринҳо, сапонинҳо, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, гулу барги он фловоноидҳо (кварсетин, гиперозид, равғани эфир) дорад.
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ