Тартиби додани нафақа ва ёрии моддӣ дигар шуд

Сухан дар бораи тағйири тартиби таъин кардани нафақаҳое, ки барои парвариши бачаҳои то дусола, оилаҳое, ки бачаҳои то 14 сола доранд ва таъин кардани ёрии моддӣ ба оилаҳои кам таъмин шуда меравад.

Аз 1 — уми ноябр қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 4 — уми августи соли 2020 » Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба автоматикӣ кардани тартибу таомилҳои тақдим кардани хизматҳои иҷтимоӣ ва ёрии давлатӣ ба аҳолӣ» амалӣ мешавад.

Дар семинаре, ки бо иштироки раис ва ҷонишинони раиси беш аз 20 ҶШМ дар маркази маҳаллаи Боғимайдон баргузор гардид, сардори шӯъбаи Хазинаи нафақаи ғайрибуҷети шаҳри Самарқанд Ш Қамаров ва мутахассиси пешбари шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи шаҳри Самарқанд З. Давронов ахбор доданд.

Аз ин рӯ тартибу таомилҳои баррасӣ ва таъин кардани нафақа ва ёрии моддии мазкур ба воситаи сохтори ахбории» Реестри ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ» амалӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи рақамӣ кардани фаъолияти сохтор омили инсон кам карда мешавад ва ин ба пешгирии ришватхӯрӣ ёрӣ мерасонад.Нафақа ба воситаи сохтори нав ба тарзи автоматикӣ таъин карда мешавад.Натиҷаашро ба воситаи хабарномаи СМС ба телефони шахсии мобилии шаҳрванд маълум мекунанд.

Тошпӯлод Раҳматуллоев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ