Нахустнамоиши филми нав дар бораи Ҷеймс Бонд боз ба таъхир афтод

Нахустнамоиши филми нав дар бораи Ҷеймс Бонд боз ба таъхир афтод

  • Post category:Ҷаҳон


Нахустнамоиши “Вақти мурдан нест” – филми нав дар бораи Ҷеймс Бонд, ҷосуси 007 ба далели пандемия бори дувум ба таъхир афтод. Дар ин бора киностудияҳои Metro Goldwyn Mayer (MGM) ва Universal Piсtures дар Twitter навиштанд.
Майкл Уилсон ва Барбара Брокколи, таҳиякунандагони филм низ ба қарои таъхири нахустнамоиши филм розӣ шуданд.
Акнун нахустнамоиши филми “Вақти мурдан нест” дар кинотеатрҳо рӯзи 2 апрели соли 2021 баргузор хоҳад шуд, то тамошокунандагони рӯи ҷаҳон имкони дидани онро дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, нахустнамоиши 25-умин қисми филм дар бораи ҷосуси 007 бояд дар моҳи апрел баргузор мешуд. Вале, ба далели пандемия муддати намоиши онро ба 19 ноябр гузоштанд. Дӯстдорони филм бо бесабрӣ мунтазири филм ҳастанд. Клипи суруди Билли Айлиш, ки барои ин филм таҳия шудааст, дар як шабонарӯз дар Youtube аз сӯи 4 миллион нафар тамошо шуд.
Дар ин филм Дэниэл Крейг нақши асосиро офаридааст. Роми Малик ва Леа Сейду низ нақшофарӣ кардаанд. Коргардони филм Кэри Фукунага мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ