Муносибат

Муаммои олимпиадаҳои фаннӣ

Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори ривоҷдиҳии Ӯзбекистон дар солҳои 2017 – 2021», тадриҷан дар ҳаёт татбиқ мегардад ва натиҷаҳои амалии онро дар ҳамаи соҳаҳо мушоҳида намудан мумкин аст.
Устувории қонун, ки чун самти дуюми Стратегияи ҳаракатҳо муқаррар гардидааст, барои тарақиёти Ватанамон пешбинӣ шуда арзиши умумибашарӣ низ дорад. 
Маҳз ба туфайли устувории қонун, ки аз ҷониби шаҳрвандон комилан риоя гардидани қонунҳост, ҷамъият осоишта мегардад, Ватан равнақ меёбад, зиндагии халқ фаровонтар мешавад.
Офаридгорро ҳазорон шукр, ки мо дар ватани соҳибистиқлол, ки яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад, зиндагӣ мекунем ва имкониятҳои фаровон барои тараққиёти минбаъдаи кишварамон дорем, ки бояд аз онҳо оқилона истифода барем. 
Сарвари мамлакатамон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки ояндаи Ватан, обрӯю эътибори мамлакатамон дар дасти ҷавонон аст. 
Бо мақсади дастгирии ҷавонон, муҳайё намудани шароити хуб ба онҳо, рағбатноксозии наврасони бохирад ва фаъол корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин пайваста хонем, илм омӯзем. Дар кишварамон барои муайян кардани сатҳи дониши хонандагон ба таври мунтазам олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида мешаванд. Камина низ имсол дар таътили зимистона дар олимпиадаи фанни забон ва адабиёти тоҷик иштирок намудам.
Мо аз деҳаи дурдасти Кӯл , ҳамчун намояндагони мактаби таълими умумии рақами 64 –ум ба маркази ноҳия омадем. Дар мактаби таълими умумии рақами 10-уми Шаҳрисабз моро гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. Ман дар байни хонандагони синфи IX-и мактабҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи дуюмро ишғол намудам. 
Аммо, як нафар хонандаи синфи Х-и мактабамон, ки бо мо аз деҳа омада буд, ҷойи муносибро гирифта натавонист. Ман аз вай сабаби инро пурсидам. Таъкид кард, ки агар озмун аз фанни таърих ҳам бо забоне, ки мо таълим мегирем, мешуд, эҳтимол ман ҷойи ифтихориро мегирифтам.
Пас аз сӯҳбат бо хонандагони дигари мактабҳо аён гардид, ки дар олимпиадаи фаннӣ ғайр аз забон ва адабиёти тоҷик саволҳои озмун аз фанҳои дигар бо забони давлатӣ пешкаш шудааст.
Мо забони давлатиро эҳтиром менамоем, дӯст медорем, якҷоя бо забони модарӣ меомӯзем. Аммо, дар як ҳафта 2-соат омӯхтани забони давлатӣ барои мо имкон намедиҳад, ки бо хонандагоне, ки пурра бо забони ӯзбекӣ таълим гирифтаанд, рақобат намоем.
Соли гузашта дар озмуни «Санҷиши донишҳо» (аз фанни «Забони англисӣ») низ иштирок намуда, чунин ҳолат­ро дида будам, ки хонандагони мактабҳои таълимашон тоҷикӣ якҷоя бо хонандагони мактабҳои таълимашон ӯзбекӣ аз фанҳои гуногун бо забони ӯзбекӣ қувва меозмуданд, аз назари мани наврас ин ҳолат бо талаботи даврону имкониятҳои фаровоне, ки дар асоси Қонун ба мо дода шудааст, мувофиқат намекунад.
Ҳамчун хонандаи мактаби кишвари соҳиб­истиқлол дар доираи қонуни кишварамон, дар асоси нишондодҳои Президентамон мехоҳам, аз имкониятҳои бароямон муҳайё­гардида васеътар истифода бурда, ҳар кадомамон масъулиятамонро дар назди халқу Ватан самимона иҷро намоем!
Чаро масъулони соҳаи таълим ба ин муаммоҳо эътибор намедиҳанд? 
Агар имкон бошад, дар мактабҳое, ки таълим ба забони ғайридавлатӣ амалӣ мегардад, дарсҳои забони ӯзбекӣ (камаш 2-соат) ва адабиёти ӯзбек (2-соат ) ба таври мунтазам гузашта мешуданд, мувофиқи мақсад буд. 
Ин барои омӯхтани забони давлатӣ аз нуқтаи назари ман нақши муҳим дорад. Мамлакати мо салоҳият дорад, ки ҷиҳатҳои ба иқтисод (маблағ ) вобастаи ин иқдомро пардохт намояд.
Инчунин, дар асоси имкониятҳои қонуние, ки ба ҳамаи шаҳрвандони Ӯзбекистон дода шудааст ва баробарҳуқуқии онҳо дар назди қонун таъмин гардидааст мехоҳам, озмуну олимпиадаҳои фаннӣ барои мактаб­ҳои таълимашон тоҷикӣ ва дигар забонҳо, ки дар мамлакатамон таълим ба ҳафт забон амалӣ мегардад, пурра бо забоне, ки таълим мегиранд баргузор шаванд.
Маҳдуд намудани имкониятҳои забони модарӣ барои мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, ки мисолашро дар боло мушоҳида намудем, аз нигоҳи ман барои пешрафти илму маърифат монеъ мегардад.

Самар ОРИФҚУЛОВ, 
хонандаи синфи IX-уми мактаби 
таълими умумии рақами 64-и ноҳияи 
Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ