Сармо хӯрдан иммунитетро дар муқобили COVID-19 заъиф мекунад


Наталя Пшеничная, мутахассиси эпидемиологии Русия гуфт, ки ҳангоми пандемияи коронавирус сармо нахӯрдан хеле муҳим аст.
Ба гуфтаи Пшеничная, хунук хӯрдан иммунитетро дар муқобили бемориҳои сироятӣ заъиф мекунад. Ба ин далел, мавсими сарди сол хеле хатарнок аст.
Ӯ низ таъкид кард, ки риоя ба гигиенаи шахсӣ, ниқобпӯшӣ ва фосилаи иҷтимоӣ муҳим аст.
Мутахассис афзуд, “Ковид-19 бемории нав аст ва ҳанӯз ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Барои ҳамин пешгӯӣ кардан бобати камшавӣ, ё густариши беморӣ душвор мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ