Дар Пахтачӣ пахтачинӣ дар авҷ аст

Дар Пахтачӣ пахтачинӣ дар авҷ аст

Соли ҷорӣ деҳқонони ноҳияи Пахтачӣ дар 8195 гектар майдон пахта кишта, ба давлат супоридани зиёда аз 24926 тонна «тиллои сафед»-ро пеши худ мақсад гузоштаанд. Барои дар фурсати кӯтоҳ ҷамъоварии ҳосили пахта 155 бригадаи ҳосилғундор ташкил гардида, 15949 нафар чинакчиён ба кори чидани пахта ҷалб карда шудаанд.
Ба хусус, пахтакорони хоҷагии тухмипарварии «Баҳри дил далалари»-и ҳудуди парки муқобили мошину трактории ба номи «А. Аллаяров» -и ноҳия дар фасли баҳор 60 гектар навъи «Султон» -и пахтаро кишт карданд.
– Мо дар пахтазор коркард, ғизодиҳӣ, обёрӣ ва ҳамаи тадбирҳои агротехникиро саривақтӣ гузарондем, – гуфт фермер Баҳриддин Ҷӯраев. – Ҳоло ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 34–35 сентнерро ташкил мекунад. Барои ба давлат бештар аз 77 тонна супоридани пахтаи тухмӣ вазифадор ҳастем.
Дар акс: роҳбари хоҷагии тухмипарварии «Баҳри дил далалари» Б. Ҷӯраев.

Б.МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ