Падарони бемасъулият ҷазо гирифтанд

Падарони бемасъулият ҷазо гирифтанд

  • Post category:Ҷамъият

Дар асоси ҳуҷҷати иҷрои суди байниноҳиявии Каттақӯрғон оид ба корҳои шаҳрвандӣ аз қарздор Шаҳбоз Маҳмудов ба фоидаи Лазиза Эргашева барои таъминоти моддии ду нафар фарзандаш ба миқдори аз чор як қисми ҳаққи моҳона ва даромадҳои дигар рӯёнидани алимент муайян гардидааст. Ҳуҷҷати иҷрои мазкур ба коргузории шӯъба омада, амалинамоии он муқаррар карда шуд.
Бо мақсади муайян кардани молу мулки Р. Ҳамроев ба идораҳои дахлдори давлатӣ пурсишномаҳо фирис­тода шуд. Мувофиқи он молу мулки ба номи қарздор расмигардида аниқ карда нашуд.
Дар давоми иҷрои кор ба огоҳиҳои чандинбора нигоҳ накарда, маълум гардид, ки Ш. Маҳмудов аз моҳи июни соли 2019 ин ҷониб напардохтааст. Дар натиҷа, қарздории ӯ аз алимент ҳисоб карда шуд ва дар ҳолати имрӯз 12 млн 935 ҳазор сӯмро ташкил дод.
Қарздор аз пардохтани алимент саркашӣ карда, гурехта гаштааст. Нисбати ӯ бо қарори иҷрочии давлат кофтуков эълон шуда, қарор якҷоя бо ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда ба суди маъмурии шаҳри Каттақӯрғон фиристода шуд.
Бо қарори суди маъмурии шаҳри Каттақӯрғон қарздор Ш. Маҳмудов ба ҷазои ҳабси 15-рӯза ҷалб карда шуд.
Инчунин, дар маҷлиси суди мазкур аз сабаби қарздорӣ аз алимент Ф. Файзиев ба миқдори 12 млн 725 сӯм ва Р.Элмуродов ба миқдори 11 млн 167 ҳазор сӯм ба ҷазои ҳабси 15-шабонарӯза кашида шуданд.
Шӯъбаи бюрои иҷрои ҳатмии шаҳри Каттақӯрғон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ