ТАШАББУСҲОИ НАЗАРРАС ДАР РОҲИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ НИЗОМИ ОДИЛОНАИ ҶАҲОНӢ

ТАШАББУСҲОИ НАЗАРРАС ДАР РОҲИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ НИЗОМИ ОДИЛОНАИ ҶАҲОНӢ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар сессияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ гӯш карда, дар қалбам эҳсосоти гуногун бедор шуд. Бори аввал дар таърихи Ассамблеяи Генералӣ бо забони модариамон аз ҷониби сарвари давлатамон ба миён гузошта шудани ташаббусҳои ҷасурона барои Ӯзбекистони навшудаистода, барои халқи пешравамон қалби маро ифтихори бепоён фаро гирифт.
Бори аввал аз сабаби пандемияи коронавирус дар тартиби мулоқоти онлайн баргузор шудани иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ  онро нишон медиҳад, ки инсоният то чӣ андоза дар замони пуртаҳлука ва мураккаб зиндагӣ мекунад.
Ман фикр мекунам, ки пешниҳоди роҳбари давлати мо дар бораи коркарди Кодекси байналмилалии ӯҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо дар давраи пандемия таҳти сарпарастии СММ барои рафъи вазъи кунунии хатарнок ва печида касеро бетараф намегузорад.
Қабули Кодекси байналмилалӣ, ки аз ҷониби роҳбари давлати мо пешниҳод шуд, як қадами муҳим дар роҳи фароҳам овардани низоми одилонаи ҷаҳонӣ хоҳад буд, ки ҳуқуқу озодиҳои асосӣ, саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар касро таъмин мекунад. Воқеан, дар замоне, ки инсоният дар остонаи фалокати ҷаҳонӣ қарор дорад, пурзӯр гардондани ҳамкориҳои ҳукуматҳо, парлумонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳамаи кишварҳо, таҳкими принсипҳои масъулияти умумӣ, рушди шарикии байналмилалӣ хеле муҳим ва таъхирнопазир аст.
Президент инчунин пешниҳоди хеле муҳимро дар бораи қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва баланд бардоштани нақши парлумонҳо дар таъмини ҳуқуқи инсон ба миён гузошт.
Маълум аст, ки дар натиҷаи ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии солҳои охир дар мамлакати мо гузаронидашуда фаъолии аҳолии мо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ меафзояд. Дар натиҷа, иштирок ва нақши парлумони мо дар идоракунии давлатӣ, ки иродаи халқамонро ифода мекунад ва майдони мубориза барои ҳизбҳои сиёсӣ мебошад, тақвият меёбад.
Аз ин рӯ, дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои роҳбари давлати мо, дар баробари ҳукумат иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, парлумонро, ки бевосита аз вакилони халқ таркиб ёфтааст, ифода мекунанд, хеле муҳим аст.
Зеро, фаъол гардидани парламент ва ҷомеаи шаҳрвандии мамлакати мо дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ташаккули муносибатҳои бидуни расмиятбозӣ байни намояндагони халқ, эътирофи байналмилалии ислоҳоте, ки дар мамлакатамон гузаронида мешаванд, мусоидат мекунад.
Дар хотима гуфтан мехостам, ки суханронии роҳбари давлати мо дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии СММ ва ташаббусҳои бамиёнгузошташуда дар таърихи кишварамон саҳифаи нав ва дурахшон гардиданд.

Улуғбек ВАФОЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ