Дар шаҳри Самарқанд маҳаллаи нав бо номи Баҳодур Ялангтӯшбӣ таъсис меёбад


Дар ҷамъомаде, ки бо роҳбарии Б. Облоқулов, ҳокими шаҳр ва раиси комиссияи ҳамоҳангсозии номгузорӣ маҳалҳо баргузор шуд, масъалаи ном ниҳодан ба маҳаллаи нав, ки аз маҳаллаи Обод маскан ҷудо мешавад, баррасӣ шуд.
Дар маҷлис бо риоя ба қонуни “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” ба маҳаллаи нав ду ном пешниҳод шуд, яке Қорасув ва дувумӣ Баҳодур Ялангтӯшбӣ. Ин пешниҳодҳо ба комиссияи ҳамоҳангсозии масъалаҳои номгузории маҳалҳои шаҳр тақдим гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ