Душанбе ҳанӯз дар бораи боз кардани сарҳади тоҷику ӯзбек сари қароре наомад


Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол дар бораи боз кардани сарҳади тоҷику ӯзбек қарор қабул накард.
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, баённомаи расмии Ӯзбекистон дар бораи боз кардани сарҳади тоҷику ӯзбек, ки рӯзи 1 октябр ба Душанбе фиристода шуд, ҳоло аз сӯи штаби мубориза бо коронавирус баррасӣ мегардад.
Қарори боз кардани сарҳадҳо ва шартҳои убур аз сарҳадро штаби мубориза бо коронавирус қабул мекунад
То ҳол шаҳрвандони ду кишвар дар вазъиятҳои фавқулодда метавонанд аз гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” убур кунанд. Ҳамчунин, донишҷӯёни ӯзбекистонӣ, ки дар Тоҷикистон таҳсил мегиранд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон метавонанд ба кишвари ҳамсоя гузаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ