Эрониёни қадим ихтироъгари “нержавейка” будаанд

Эрониёни қадим ихтироъгари “нержавейка” будаанд

  • Post category:Ҷаҳон


“Нержавейка” – фӯлоде, ки занг намезанад, дар асри XI пеш аз мелод дар давлати Форс истеҳсол мешуд. Дар ин бора маҷаллаи Journal of Archaeological Science навишт.
Олимони донишгоҳи Калифорния баъди хондани катибаҳои қадимӣ дар бораи маҳалли Чоҳак, ки маркази истеҳсоли фӯлоди Давлати Форс будааст, ҷустуҷӯи ин ҷойи таърихиро оғоз карданд. Пайдо кардани ин маҳал хеле душвор буд, чун Эрони имрӯза деҳаҳои зиёде бо номи Чоҳак дорад. Баъди таҳқиқот олимон хулоса карданд, ки маркази истеҳсоли фӯлод дар вилояти ҷанубии Эрон – Форс ҷойгир буд. Чоҳаки вилояти Форс, ки минтақаи кишоварзӣ аст, пеш эътибори олимонро ба худ ҷалб накарда буд.
Бостоншиносон дар натиҷаи кофтуковҳо дар Чоҳак пораҳои бозмондаи ангишти чӯбиву фӯлод ва дигар далелҳое пайдо шуд, ки аз макони оҳангарӣ будани ин ҷой дар қадим ҳикоя мекунад, пайдо карданд. Олимон дар таркиби пораҳои фӯлод 1,2 дарсад хромро кашф карданд.
Хром ва фӯлод дар натиҷаи омезиш ба “нержавейка” табдил меёбад, ки занг намезанад. Имрӯз бар асоси стандартҳои замон дар таркиби фӯлоде, ки занг намезанад, ҳадди ақал 10,5 дарсад хром изофа мешавад. Эрониёни қадим ҳамагӣ 1-2 дарсад хром изофа мекарданд. Бино бар ин, маҳсулоти фӯлодии эрониёни қадим мисли “нержавейка”-и имрӯза мустаҳкам набуд, аммо, аздусар хром сифати фӯлодро хеле беҳтар мекард.
Олимон гуфтанд, “Ин тадқиқоти мо исбот мекунад, ки хром дар таркиби фӯлод бо мақсади дақиқ изофа шудааст. Мо чунин мешуморем, ки ин падидаи эронӣ буд”.
Будани хром дар таркиби фӯлод шояд тавзеҳ диҳад, ки чаро теғҳои қадимии эронӣ, ки археологҳо пайдо мекунанд, дар ҳолати хуб ҳифз шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ