«ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД»

Халқ бо умри забонаш зинда аст,
Бе забони модарӣ миранда аст.
Шоираи оташдили тоҷик Гулрухсор барҳақ фармудааст: “Марги миллат аз марги забон сар мешавад, марги забон аз беномусиву бегонапарварии соҳибзабон”.
Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 7 ҳазор забон вуҷуд дорад. Ва аз ин миқдор ҳар ҳафта 2 забони хурд мемирад, яъне аз байн меравад. Олимону сиёсатмадорон, мутахассисони соҳаву коршиносон исбот намудаанд, ки ҷаҳонишавии забонҳо тарафҳои мусбӣ ва манфии худро дорад. Масалан, забонҳои бегонаро омӯзӣ, ба қавле ҳамқадами замон мегардӣ, вале ба забони модариат аҳамият надиҳӣ, наомӯзӣ, бепарвоӣ зоҳир намоӣ, рушду такомул намеёбӣ ва  забон рӯ ба нобудшавӣ меорад.
*
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Солҳои 2000-ум буд. Аз шуъбаи таълими халқи ноҳия чанд нафар намояндагон барои санҷиши мактаби мо омаданд. Ҳангоми ҷамъбасти он санҷиш як нафаре, ки бо кору фаъолияти китобхонаи мактаб машғул буд, ба шӯр омада гуфт, ки дар китобхонаи ин мактаб китобҳои тоҷикии пеш аз соли 90-ум чопшуда хобидаанд.
Мактаб воқеан китобҳои зиёд дошт. Асарҳои назмиву насрӣ, куллиёти шеъру ғазалу достонҳо, аз Устод Рӯдакӣ сар карда, то Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Китобҳои адибони муосир низ  кам набуданд. Ҳамчунон асарҳои даҳҳо нафар адибони барҷастаи рус, китобҳои бисёре аз адибони машҳури хориҷӣ дар тарҷумаи тоҷикӣ, бо шумули чандин дастури методӣ ва ғайра вуҷуд доштанду мавриди истифода қарор мегирифтанд. Ҳамаи ин  сарвати маънавӣ асосан аз Тоҷикистон дастрас шуда буд.
Роҳбари гурӯҳи назоратчиён баробари шунидани китобҳои чопи пеш аз соли 90-ум ба танг омада, сарвари мактабро аз ҷояш хезонда, ба нишастагон рӯ оварда гуфт: “Ия, инҳо қип-қизил босмачӣ будиян-ку!” Сипас роҳбари мактаб ва китобдорро қатъиян огоҳ намуд, ки дар давоми се рӯз ягон китоби пеш аз соли 90-ум дар китобхона боқӣ намонад, ҳамаро ба коғазпора супоранд. Ман хостам ба ҳозирин гӯям, ки ғазалиёти Ҳофиз ва ё романи “Дохунда”-и Айнӣ баъди сад соли дигар ҳам чоп шаванд, боз ҳамон як чизанд. Вале ба хотири он ки дер шуд, ҳарфе назадам.
Ҳамин тавр, номаълум ҳамаи китобҳо аз фонди китобхонаи мактаб ба яғмо бурда шуданд. Рафҳои китобмонӣ холӣ шуданд. Баъди се-чор моҳ фаҳмидем, ки ин фарҳангсӯзӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷоҳил дар ҳамаи мактабу китобдӯконҳо по ба марзи амал ниҳодааст.
Мегӯянд, ки агар миллатеро нобуд кардан хоҳӣ, шарт нест, ки тиру туфанг гирифта, муқобилаш ба ҷанг бароӣ. Маънавияташро куш, худаш нобуд мешавад.
*
Эй войи он тоҷике, ки фаромӯш 
кардааст,
Асли худу забони худу ҳамзабони 
худ.
Соли 2012. Муаллимони 14-15 мактаби тоҷикии ноҳия ба яке аз мактабҳои “пешрафта” барои таҷрибаандӯзӣ рафтанд. 
Ду-се нафар ба умеди огоҳӣ ёфтан аз вазъи илму фарҳанг ба китобхонаи он мактаб ворид шудем. Дар китобхона ҷевонҳои оҳанӣ холӣ буданд. Танҳо дар 2-3 ҷевон баъзе китобҳои фарсудаи дарсӣ ва 40-50 дона китоби хурди бадеӣ бо ҳуруфи лотинӣ мавҷуд буданду халос. Аз китобдори мактаб пурсидам, ки чаро китобҳои бадеии тоҷикӣ надоред? Мудира оромона ҷавоб дод, ки китобҳои чопи пеш аз соли 90-умро иҷозат намедиҳанд. Дилам билкул аз мактаби “намунавии” тоҷикӣ сард шуд. 
*
Қиммати инсон, хушо, алфози ӯст,
Одамиро лафзи модар обрӯст.
«Китобҳои тоҷикӣ нестанд, мутахассисон намерасанд, аз ин сабаб таъмин кардан душвор… Марҳамат, агар синфҳои ибтидоиро бо забони ӯзбекӣ хононед, китобу дигар маводи хониш фаровон, худи пагоҳ метавонед онҳоро пурра дастрас намуда, соли нави таҳсилро оғоз намоед…»  
Бубинед, дар мактабҳое, ки муаллимону хонандагонаш ба пуррагӣ тоҷик  буданд, чӣ амалиёт анҷом дода шуданд… Дар ҳамон солҳои наҳс хайрият, ки чанд тан фидоиёни миллати тоҷик, маорифпарварони пешқадам пайдо шуда, бо ҷаҳду талошҳои сахту сангин ва далерона пеши роҳи ин амалҳоро гирифтанд. Вале бояд бигӯям, ки чанд мактаби дузабона тоҷикиву ӯзбекӣ синфҳои тоҷикиашонро ба пуррагӣ бастанд.
*
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба 
ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо
  мегардад.
Баъзан нобаробариву ноҳақиҳоро дида, кас хомӯш истоданро гуноҳ мешуморад. Масалан, тӯли 4-5 соли охир ба фанни забон ва адабиёти рус мувофиқи бар

номаи таълимӣ дар мактабҳои тоҷикӣ соати алоҳида ҷудо карда нашудааст – аз ҳисоби забон ва адабиёти тоҷик ҳамагӣ 1-соат барои омӯхтани забони русӣ пешбинӣ шудааст. Он ҳам тибқи  қарори шӯрои педагогӣ. Пас, барои чӣ тибқи барномаи таълимӣ дар мактабҳои ӯзбекӣ  барои омӯхтани забони русӣ 2-соат ҷудо карда шудааст? 
Адабиёти форсӣ-тоҷикӣ яке аз бузургтарин адабиёти ҷаҳон аст. Вале дар синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои тоҷикӣ барои омӯхтани забон ва адабиёти тоҷик ҳамагӣ 1-соатӣ ҷудо карда шудааст, ки умуман кифоя намекунад. Аз ин рӯ, Вазорати таълими халқро лозим меояд, ки ба барномаи таълимии ҷумҳурӣ барои хонандагони миллатҳои гуногун аз диди нек, нигоҳи рост ва фарох назар афканад, то хондану илму маърифат гирифтан барои ҳамагон мусоид бошад. Дар соли хониши 2020-21 бошад, соатҳои омӯзишӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик нокифоя аст. Дар чунин муҳити тангу носолим магар кору фаъолият кардан осон аст? Мо хеле мехостем, ки мутасаддиёни Вазорати таълими ҷумҳурӣ барномаи таълими забон ва адабиётҳои миллиро таҷдиди назар намоянд.
Ҳар кас ба забони худ сухандон 
гардад,
Донистани сад забонаш осон 
гардад,
фармудааст шоир.
Бешак, кушодани дари синфу гурӯҳҳои тоҷикӣ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ, пур шудани китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ бо китобҳои бадеиву илмии тоҷикӣ, риояи адолати иҷтимоӣ дар тақсими соатҳои дарсӣ ба баланд шудани сатҳи забондонии яке аз миллатҳои бумӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ва ин баробарӣ ба бародарии халқҳои мо хидмат хоҳад кард.

Абдубароти ҚОДИРӢ,
омӯзгори мактаби 15-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ