ҲОСИЛИ РАНҶИ ДЕҲҚОН

Оғози фасли тирамоҳ, ки мавсими ғалберро аз об бардоштан низ меноманд, дар хоҷагиҳои фермерӣ авҷи кор аст. Хусусан, барои хоҷагиҳои фермерие, ки ба парвариши ғаллаву пахта машғул мебошанд, ташвишу тадорукашон бештар меафзояд. Алалхусус, заҳмату ташвишҳои деҳқононе, ки ба кишти пахта шуғл меварзанд, ҳамин шабу рӯзҳо афзун мегардад.
Дар асл заҳмату ранҷи марди деҳқон ҳанӯз аз оғози баҳор шурӯъ мегардад. Вай дар нахуст корро аз тахту ҳамвор намудани замин оғоз мекунад. Сипас, баъди чанде ба кишти пунбадона машғул гардида, бо як ҷаҳон орзу ва ниятҳои холис донаи умед ба замин мепартояд. 
Дере нагузашта пунбаҳои коштаи марди деҳқон аз зери замин неш мезананд, ки ин ба нимаҳои охири фасли баҳор рост меояд. Бар замми парвариши пунба инҷиқиҳои табиат низ сар мешавад. Деҳқон аз ин руҳафтода нагардида, ба ҳама мушкилоти табиӣ тоб меорад. Агар лозим ояд, кишти дубораву себораи пунбаҳоро низ ба роҳ мемонад.
Инак, ҳоло дар аксари хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Сариосиё, ки ба кишти пахта машғуланд, ҳосили заҳмати марди деҳқон, яъне «тиллои сафед» шукуфтаву чинакчиён ба ғунучини он машғул. Ростӣ, мусоид омадани обу ҳавои тирамоҳи имсола ба деҳқонон имконият медиҳад, ки сари вақт ин ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд ва нақшаи шартномавии ба давлат супоридани пахтаро дар вақташ ба иҷро расонанд.
Ҳукумати кишвар низ баҳри сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли ҷорӣ як қатор чораву тадбирҳои муфид низ андешидааст. Чунончи, барои пардохти чинаки пахта дар соли ҷорӣ чунин нархгузориҳо: барои чинаки аввал нархи он 1000 сӯм, чинаки дувум 1400 сӯм муқаррар гардид.
Барои онҳое, ки хайрхоҳона баҳри чидани пахта ба саҳро мебароянд, дар нахуст 500 ҳазор сӯм дода мешавад. Барои ин бо онҳо шартнома бастан зарур аст. 
Як чизи дигарро низ бояд ёдовар кардем, ки имрӯзҳо ҷавононе ҳастанд, ки ҷойи муайяни корӣ надоранд. Ба фикри мо ин ҷавонон ба саҳро баромада, ба деҳқонон ёрӣ расонанд, вақташон бесамар нахоҳад гузашт ва музди меҳнати арзандаро низ ба даст хоҳанд овард. 
Ҳамин тавр, дар поёни ин нигоштаҳо гуфтанием, ки баҳри ғунучини пахта бояд ҳар яки мо ташаббускориро аз даст надиҳем. Нагузорем то ҳосили деҳқон беҳуда талаф ёбад. Баръакс, то метавонем, амали хайрхоҳона намоем. Зеро дар давраи пандемия заррае ҳам бошад баҳри бойигарии кишвар ҳиссагузор бошем, нур болои нур хоҳад буд.
Аё деҳқон, ки фикри 
тоза дорӣ,
Шукӯҳе сӯи дашт овоза 
дорӣ.
Замин аз дасти ту 
гулзор гашта,
Бубин ҳар ҳосиле 
пурбор гашта.

С. МУҲАММАДҶОН. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ