Зане, ки бевафо шуд, хор гардад… Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад, К-аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад (Фирдавсӣ).Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад, К-аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад. (Фирдавсӣ).

Зане, ки бевафо шуд, хор гардад… Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад, К-аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад (Фирдавсӣ).Беҳини занон дар ҷаҳон он бувад, К-аз ӯ шӯй ҳамвора хандон бувад. (Фирдавсӣ).

  • Post category:Ҷамъият

Бузурге фармудааст: «Вақте мо писарро тарбияи дуруст мекунем, пас мо як мардро ба камол мерасонем, вале ҳангоме мо як духтарро бо тарбияи дуруст ва бо ахлоқи накӯ ба воя мерасонем, пас мо ҷомеаро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ кардаем». (Абдурраҳим Фирӯзи Ҳиравӣ. «Аниси занони покдоман», Душанбе, 2006).
Оре, ин оварда ҳаётӣ буда, хулосаест аз таҷрибаи зисту зиндагонӣ. Саволе ба миён меояд, ки чаро донишманд тарбияи духтарро нисбат ба писар афзалтар донистааст? Ба фикри мо, духтар дар оянда модар, офаранда ва тарбиятгари асосии фарзандон – ҷомеасозон хоҳад шуд. Ғайр аз ин зан нисбат ба мардниҳоде ҷолиби диққат буда, бо ахлоқ, одоб, шарму ҳаёи худ аз ду ҷиҳат-ё хуб ё бад, диққати ҷинси муқобилро ба худ ҷалб мекунад.
Модарон шоистаи ибрат ҳастанд, бо рафтору кирдор, шуғлварзӣ, оиладорӣ, тарбияи фарзанд, муносибат ба атрофиён ва ҳамсару фарзандон намунаи ибратанд. Дар чунин оилаҳо фарзанди қобили замон тарбия ёфта, ба пешрафти ҳаёти ҷомеа ҳисса мегузорад ва бешак, ин гуна оилаҳо пур аз файзу барака хоҳанд гашт. Мегӯянд, «шолӣ бекурмак намешавад», агарчи кам ҳам бошад, бо оилаҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки дар онҳо зисту зиндагонӣ, муносибатҳои оилавӣ коҳидааст. Агар ин хел оилаҳоро амиқтар омӯзем, мебинем, ки сабабгори асосии нобасомониҳои онҳо дар аксар ҳолат зан – модар мебошад. Одатан, дар ин хел оилаҳо мардон низ беэътибор ва ба ҷараёни зиндагӣ бефарқанд.
Боре аз кӯчаи пиёдагарди деҳа мерафтем. Пешопеш марди тахминан 60-63-сола қадам мезад ва бехабар аз мо бо овози шунаво худ ба худ суҳбат мекард. Гумон бурдем, ки тавассути телефони ҳамроҳ бо касе муколама дорад. Ба ӯ расидем, дидем, ки телефон надорад. Бо ҳам вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ намудем. Чеҳраи мард дигаргун шуду хиҷолатомез гуфт:
– Мебахшед, асабҳо монда шудаанд, баъзан бо худ бо овози баланд гап мезадагӣ шудаам.
Пӯшида нест, ки инсон дар давоми умр ба бисёр монеа, норасоӣ, муомилаи бад, туҳмату буҳтони атрофиён ё дар коргоҳ ба зиддиятҳо дучор меояд. Бо ин ҳол, дар аксар ҳолат ғолибона ин нобаробариҳоро паси сар мекунад.Ин ҳама бархӯрд ба асабҳои шахси хушбин он қадар таъсири бад намерасонанд, чунки онҳо ҳаррӯза нестанд. Вале нобаробариҳои оилавӣ, бахусус, муносибати вайрони зану шавҳар ҳар дуро рӯҳан ва ҷисман азоб дода,ба зиндагӣ дилхунук месозад. Вақте ки асаб муттасил монда ва хаста мегардад, инсон аз фаъолият барканор, ҷисмаш заиф мешавад ва саломатиаш мекоҳад.
Дар ҷараёни зиндагонӣ бо бархе афрод дучор меоем, ки худ ба худ гап мезананд, бо овози баланд калимаҳоеро ифода мекунанд ё баҳудаю беҳуда асабӣ мешаванд, ҳатто наметавонанд аз муомилаи бад бо атрофиён худдорӣ намоянд. Чанде аз онҳо ҷоҳил ва ё фаромӯшхотир низ ҳастанд, ки ин ҳолатҳо аз сустӣ ва мондашавии асаб гувоҳӣ медиҳад.
– Замоне ман ҳисобчии хоҷагӣ будам, – бадардидилгӯйӣ оғоз намуд ҳамсуҳбатамон. – Албатта, медонед, ки ин касби ман ҳам пешаи ақлӣ аст. Баъзан хеле монда мешудам ва ё аз тарафи роҳбар суханҳои носазо шунида, хеле андӯҳгин мегаштам. Аммо дар он гуна ҳолатҳо бо як сухани хуше, ки аз ҳамкорон мешунидам, ё дар хона бо дидани муомилаи хуби ҳамсарам ба худ меомадам, ранҷиши асабҳо бартараф мешуд. Бахти бад буд ё тақозои сарнавишт, ҳамсарам аз бемории саратон умри казоӣ надида даргузашт. Аз он ҳодиса хеле афсурда ва озурда шудам…
Набошад ёр чун ёри нахустин,
На ҳар маъшуқ чун маъшуқи
пешин.
(Гургонӣ).
Боз оила барпо кардам.Зани дуюм дар оғоз хеле хушмуомила буд. Чун фарзанди нахустинро таваллуд кард, оҳиста-оҳиста муносибати ӯ тағйир ёфт. Ба хотири андак норасоӣ хархаша мекард ва ё ҷангталабона муомила менамуд. «Аввал худамро ҷо кунам, бин, ки туро чиҳо кунам», ҳар рӯз ба ҳам «тую ман» мерафтем. Байт:
На ҳар зан зан бувад, ҳар зода
фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе
қанд.
(Низомӣ).

Ин хархашаҳо асорате дар ман гузошт: мудом худ бо худ гап мезанам, фаромӯшхотирӣ азиятам медиҳад,фишори хун тез-тез боло меравад, дастҳоям меларзанд, қалбам ба дард меояд. Боре дар як рӯзнома мақолае хонда будам, ки дар он роҷеъ ба занони шаддод сухан мерафт ва таъбире баён шуда буд: «Зан – сӯҳони умр». Ҳарчанд ин гуфта ба ҳамаи занон маъмул нест, вале ба ҳамсари ман баҳои муносиб аст. Айнан ин тоифа занон сӯҳони умранд! Аз сӯйи дигар, вайронгарӣ, гапкашонӣ, дурӯягии баъзе ҳасудхӯрон ҳам ба осоиши оилаҳо латма ворид мекунад.
Дар деҳа оилае хеле хубу осуда зиндагӣ дошт. Зану шавҳар ҷуфти муносиб буданд. Рӯзе зан ба аёдати падару модар меравад. Нохудогоҳ, дар роҳ ба садама дучор шуда зарба мехӯрад ва бистарӣ гардида, оқибат вафот мекунад. Сипас, мард бори дуюм оиладор шуд. Зиндагиашон осуда ва бо ҳамдигарфаҳмӣ идома меёфт.
Рӯзе зане ба хонаи онҳо меҳмон шуда, ҳангоми суҳбат ба кадбону мегӯяд, ки шавҳарат зани аввалаашро зада маъюб карда буд. Азбас ӯро озор медод, оқибат ҷавонмарг шуд. Бо ту ҳоло муомилаи хуб дорад, вале ҳушёр бош, ки шавҳарат дарундор аст.
Муқаддам аз он рӯз зани дуюм ба ҳар гуна муносибат ва муомилаи шавҳар эрод мегирифт ва вазъ то ҷое расид, ки қариб ҳар рӯзи Худо бо ҳам ҷангу ҷидол мекарданд…
Дар ҳаёт барои инсон ҷойи зист ё ҷойи кор муносибу мувофиқ наояд, онро иваз намудан боке надорад. Аммо, зан ё марди бадсиришту бадмуомиларо дигар намудан зарарҳои маънавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба бор меоварад.
Илми тиб собит карда, ки ба дарди асаб маҳз муносибату муомилаи хуш беҳтарин даво аст. Бешубҳа, бонувон дар оила беҳтарин дармонгари дардҳои асаб будаанду ҳастанд ва сад афсӯс, ки баъзан падидоварандаи ин дард низ онҳоанд. Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки арбобони давлатӣ, олимон, мардони бофаҳму бофаросат ҳамроҳи ҳамсар ба сайру саёҳат, сафарҳои расмиву ҷамъомадҳо мераванд. Чаро ки зан метавонад дар ҳар лаҳза кайфияти шавҳари худро бардорад ва ба ӯ фараҳ бахшад. «Ҳар куҷо марди бузургест, ӯ гирифтори зан аст».
Бисёр оилаҳои имрӯза бар пояи муносибатҳои хуби занушавҳарӣ зиндагии борифоҳу фаровон ба роҳ мондаанд. Дарк кардаанд, ки бе ёри содиқ на умр лаззат дораду на зиндагӣ роҳат. Ҳама вақт зани хуб ҳамчун маҳрами вафодор шавҳарашро дар оила тоҷбасар мегардонад. Байт:
Зане, ки бевафо шуд, хор гардад,
Ба хоки пойи шавҳар зор гардад.
(Ёдгорӣ).

Абдуназари НАБӢ,
ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ