Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ баргузор аст

Дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ баргузор аст

  • Post category:Ҷаҳон


Имрӯз, 4 октябр дар Қирғизистон интихоботи порлумонӣ баргузор аст. Дар интихобот 16 ҳизб барои 120 ҷойи порлумонӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Ба назари мутахассисони маҳаллӣ, танҳо 5-7 ҳизб метавонад дар интихобот натиҷаи дилхоҳ касб кунад.
Шумори овоздиҳандагон дар саросари Қирғизистон 3,5 миллион нафар аст.
Интихоботи порлумонии Қирғизистон дар ҳар 5 сол баргузор мешавад. Бино ба қонуни ин кишвар, ҳизбе, ки дар интихобот ғолиб шуд, метавонад то 65 ҷойи порлумониро дарёфт кунад.
Ин маросими сиёсии Қирғизистонро 270 нафар намоянда аз 43 кишвар ва 33 созмони байналмилалӣ мушоҳида мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ