“Персеполис” ба финали Лигаи қаҳрамонони Осиё роҳ ёфт

“Персеполис” ба финали Лигаи қаҳрамонони Осиё роҳ ёфт

  • Post category:Варзиш


Ҷамоаи “Персеполис”-и Теҳрон, ки дар даври чорякниҳоӣ “Пахтакор”-и Тошкандро таслим карда буд, дар бозии ниманиҳоӣ “Ал Наср”-и Арабистони Саъудиро низ мағлуб кард ва ба финали мусобиқа роҳӣ шуд.
Ҷолиб ин аст, ки ҳамагӣ 3 соат пеш аз бозӣ Конфедератсияи футболи Осиё эълон кард, ки ҳуҷумгари асосии “Персеполис” – Исо Ал Касир бо сабаби баҳсангез ба муддати 6 моҳ аз футбол хориҷ мегардад.
Қисми асосии рақобат бо натиҷаи 1 бар 1 ба поён расид.
Дар зарбаҳои пеналтӣ шогирдонӣ Яҳё Гулмуҳаммадӣ бо натиҷаи 5 бар 3 дастболо шуданд ва баъди як соли танаффус боз иштироккунандаи финали Лигаи қаҳрамонони Осиё шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ