Рӯзи 3 октябр дар Ӯзбекистон 462 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуд


Рӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 462 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта 398 нафар шифо ёфтанд ва 2 бемор вафот кард.
Ҳоло шумори умумии шифоёфтагон 54 854 ва шумори фавтидагон 477 нафар аст.
Дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои тиббӣ 2 907 нафар муолиҷа мешаванд. Вазъи саломатии 252 нафар аз онҳо хеле вазнин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ