РӮДАКИШИНОСӢ ДАР НОМАҲОИ УСТОД АЙНӢ

Устод Садриддин Айнӣ, чунон ки аз осораш пайдост, ба падари шеъри порсии тоҷикӣ иродату эҳтироми хосе қоил будааст.
Ҳамин эътиқод ва иродати махсус ба Одамушшуаро будааст, ки Устод Айнӣ ба навиштани мақолоти арзишманди тадқиқӣ дар бораи Рӯдакӣ ва хусусиятҳои шеъри ӯ иқдом намуда, на танҳо бунёди рӯдакишиносиро гузошт, балки дар натиҷаи ковишҳои пурсамари илмӣ-тадқиқотияш дар бораи ӯ, нахустин бор ба бозгушоии санъати шеъри устод, муъҷизаосоии сухани ӯ ва кашфи мазори гумномаш шарафёб гардид.
Дар бораи хусусият ва дастовардҳои Устод Айнӣ дар рӯдакишиносӣ адабиётшиносони номвари тоҷик Расул Ҳодизода, Мирзо Муллоаҳмадов, Абдухолиқи Набавӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Музаффари Муҳаммадӣ ва дигарон ибрози андеша намудаанд.
Ҷустуҷӯҳои аввалини тадқиқотии Устод Айнӣ дар бораи рӯзгор ва осори устод Рӯдакӣ ҳангоми таҳия ва тадвини тазкираи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз ёфтаанд. Ҳамон гуна ки маълум аст, вай ин тазкираро бо зикри ном ва осори Одамушшуаро оғоз бахшида буд.
Дар таҳия, тадвин, гирдоварӣ ва нашри осори устод Рӯдакӣ низ аввалин ибтикорот дар Осиёи Марказӣ ба номи Устод Айнӣ пайванд мегирад. Ҳамин тавр, саҳми Устод Айнӣ дар шинохт ва шиносонидани шахсият ва осори Устод Рӯдакӣ назаррасу чашмгир аст ва маҳз бо пешниҳод ва ташаббуси ӯ аввалин бор масъалаи баргузории ҷашни 1100-солагии Одамушшуаро соли 1940 ба миён гузошта шуд.
Заминаи асосии рӯдакиҷӯйӣ ва рӯдакипажӯҳии Устод Айнӣ ҳамоно аз замони навиштани тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» гузошта шудааст. Дар бораи Одамушшуаро хеле кӯтоҳ ва мутазоду нақиз будани маълумоти сарчашмаҳои адабиро ба эътибор гирифта, ӯ дар тазкирааш пас аз зикри намунаҳои шеъри Рӯдакӣ зери боби «Баъзе маълумот» ахбори тозаи сарчашмаҳои он замон дастрасашро бо каме шарҳу тавзеҳ зикр карда, аз ҷумла овардааст: «Ҳарчанд пеш аз Рӯдакӣ мисли Баҳроми Гӯр, ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ ва Хоҷа Абулаббоси Марвазӣ шеъри форсӣ иншо карда бошанд ҳам, гуфтаи эшон ба дараҷаи девон нарасида, бинобар ҳамин сабаб номи Рӯдакӣ ба сардафтарии «Намунаи адабиёти тоҷик» гузашт».
Устод Айнӣ бо вуҷуди фаъолияти зиёди адабиву ҷамъиятӣ, то он замоне, ки бо далелҳои қотеъ мавзеи қабри Устод Рӯдакиро муайяну мушаххас нанамуд, аз ҷустуҷӯю ковишҳои илмӣ, хусусан дар бораи мазори ӯ, лаҳзае фориғ нашудааст.
Ва ӯ пайдо кардани қабри Рӯдакиро яке аз корҳои хеле муҳим ва ҷиддӣ медонистааст, ки дар роҳ, дар кор ва ҳатто дар лаҳзаҳои машғулияти умури шахсию хонаводагии худ низ бо фикри пайдо кардани далелҳои қотеъ дар бораи мавзеи қабри Рӯдакӣ банд будааст. Номаҳои Устод Айнӣ нишондиҳандаи фаъолияти густурдаи илмию адабии ӯ буда, дар бораи Устод Рӯдакӣ низ маълумотҳои пайдокардаи ӯро сабт кардаанд. Аз номаҳои устод Айнӣ фаҳмидан мушкил нест, ки рӯдакипажӯҳӣ ҷузъе аз фаъолиятҳои асосӣ, доимӣ ва ҳатто рӯзмарраи ӯ будааст. Ин натиҷагирӣ аз мутолиаи осори ба Рӯдакӣ бахшидаи Устод Айнӣ ва номаҳои ӯ ҳосил шудааст.
Масалан, дар номае, ки ба Лоҳутӣ навиштааст, аз натиҷаи тадқиқоти дар бораи зодгоҳи Устод Рӯдакӣ анҷомдодааш бо шавқ ва як ҳаяҷони ботинӣ менависад:
«Дар поёни гап ҳаминро гуфтан даркор аст, ки то ҳол дар байни аҳли тазкира ва таърихчиёни Шарқ ва ҳам шарқшиносон дар бораи ватани Рӯдакӣ ихтилофе буд. Ӯро баъзеҳо аз Бухоро ва баъзеҳо аз Самарқанд мегуфтанд.
Ман аз рӯйи тафтишоти охиринам, аз рӯйи як ривоят, ки ровиаш Астарободӣ буда, дар Самарқанд зиндагонӣ карда, дар ҳамон ҷо баъд аз 60 соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст ва қабри Рӯдакиро зиёрат кардааст, қарор дода будам, ки Рӯдакӣ дар Самарқанд аст. Чунки ин ровӣ аз қарияи Рӯдаки Самарқанд мегӯяд.
Аммо ман пайи тафтиши дар куҷои Самарқанд будани деҳаи Рӯдак афтодам. Дар наздикӣ дар вақти ремонти ҳавлӣ ба кори ман як мардикори моғиёни фарбӣ омад, ки аз райони Панҷакат аст. Ман аз вай номи деҳаҳои ба онҳо наздикро пурсидам. Маълум шуд, ки Рӯдак ва Панҷрӯд – Панҷрӯдак (ҳамаи инҳо ба Рӯдакӣ дахлдоранд) дар кӯҳистони Панҷакат будааст. Ман ин маълумоти ҳавоиро ба котиби райкоми Панҷакат навишта тафтишро хоҳиш кардам. Котиби райком шахсан ба хонаи ман омада, ин маълумотро тасдиқ кард».

Ин иқтибос аз номаи дар таърихи 26-уми сентябри соли 1940 ба унвони Лоҳутӣ навиштаи Устод Айнӣ оварда шуд ва аён мешавад, ки худи устод ба кашфиёти калон будани натиҷаи ҷустуҷӯйҳояш эътимоди комил доштааст. Ва ҳам ин нома баёнгари он аст, ки Устод Айнӣ дар лаҳзаҳои гирифтории зиёд ва банд будан ба корҳои шахсию ҷамъиятӣ низ ҳамеша пайи ҳалли масъалаҳои муҳиму нокушудаи илм ва адаб масруф будааст. Аз ҷониби дигар пайдо кардани мазори Устод Рӯдакиро кори хеле муҳим медонистааст ва котиби райкоми шаҳри Панҷакатро низ бо навиштани номае ба ин кори таърихии хеле муҳим ҳидоят намудааст.
Устод Айнӣ дар номаи дигари худ, ки ба Абулқосим Лоҳутӣ ирсол намудааст, аз пайдо шудани мавзеи қабри Устод Рӯдакӣ навид додааст. Дар ин номаи хушнудӣ ва қаноатмандии муаллиф аз натиҷаи заҳмату ҷустуҷӯҳои мудовимаш ифодаи равшани худро ёфтааст:
«Воқиаи наве, ки имсол дар таърихи адабиёти форс-тоҷик рӯй дод, ёфт шудани деҳаи Рӯдак (ҷойи таваллуди Устод Рӯдакӣ) ва қабри Рӯдакист. Маълум аст, ки то ҳол дар байни аҳли таърих ва тазкираҳо ихтилоф буд, ки Рӯдакӣ аз Бухорост ё Самарқанд. Ман дар вақти навиштанам «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро фикри аввалиро тарҷеҳ карда будам. Аммо имсол, ки дар бораи Рӯдакӣ мақола навиштам, ба асоси як манбаи арабӣ, ки ривояти худро аз Идрисӣ ном нақл мекунад, қарор додам, ки аз Самарқанд аст ва ин Идрисӣ Астарободӣ буда, умри худро дар Самарқанд гузаронидааст ва дар ин ҷо баъд аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст, ҳам таърихи Астаробод, ҳам таърихи Самарқандро навиштааст. Идрисӣ мегӯяд, ки Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст. Аммо намедонистам, ки ин Панҷрӯдак ва Рӯдак дар куҷои Самарқанд бошад. Профессор Семёнов, ки имсол дар ин бора мақола навишт, дар мақолаи худ қайд кардааст, ки Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15-километрии шаҳри Самарқанд аст. Аммо ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд ба ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдакӣ аз Панҷакат ёфт мешавад. Ин сухан зоҳиран ҳазл бошад ҳам, ба ақидаи худам ҷиддӣ буд ва бинобар ин ба ҳамин асос тадқиқот ба кор бурдам. Имсол дар моҳи июл, вақте ки ҳавлии худро ремонт мекардам, як мардикорро ба кор овардам. Аз вай Рӯдак ном деҳаро пурсидам. Ӯ тасдиқ кард, ки дар Панҷакат ҳаст, аммо ӯ надидааст ва бобои ӯ, ки ҳанӯз зиндааст, дидааст. Ӯ аз деҳаи Фароби Панҷакат будааст. Панҷрӯд (Панҷрӯдак) ҳам дар ҳамон ҷоҳост. Инро ҳам шунидааст. Ман ин маъниро ба котиби якуми райкомпартияи Панҷакат – ба рафиқ Муҳаммадиев навишта, аз вай илтимос кардам, ки ин маълумотро пурсуков кунад. Ӯ баъд аз чанд рӯз шахсан пеши ман омада маълум кард, ки Рӯдак ва Панҷрӯд – ҳарду ҳам дар Панҷакат ҳастанд ва аз маркази район тахминан 60-70 километр меоянд. Ман ин маълумотро ба Душанбе ба Саюз навишта илтимос кардам, ки як экспедитсияи расмӣ фиристонанд. Аз он ҷо аз Базаи Академия Бузургзода ва аз Наркомпрос Гратский ном як таърихшинос омаданд ва маро раҳбари экспедитсия қарор доданд. Азбаски барои баромадан ба болои кӯҳи баланд дили ман тоб надошт, ман ҳамаи маълумот ва нишонаҳоро ба онҳо дода фиристодам. Онҳо рафта, қабри Рӯдакиро ёфтанд. Ба қишлоқи Рӯдак бошад, Гратский нарафта, танҳо Бузургзода рафта омад ва ҳардуи инҳо ҳам ҳамаи маълумотеро, ки ман ёфта будам, тасдиқ карданд. Аммо вақте ки Гратский бо мухбири радиои Москва мусоҳиба кардааст, ҳамаи ин кашфиётро ба худ нисбат додааст. Ба қавли ӯзбакон: «тайёр ошга баковул» (поварчии оши тайёр) шудааст.
Ман имсол бо даъвати панҷакатиҳо дар 11-уми ноябр ба болои кори канали Марғидар рафтам, ки дар кӯҳистон дар шаст километр дуртар аз маркази район фарҳодвор сангро бурида кофта истодаанд. Дар он ҷо ман бо панҷрӯдиён ва ҳам бо рӯдакиён мусоҳиба кардам. Рӯдакӣ дар байни онҳо ба унвони 400 шутурдор (чунонки дар тазкираҳо мегӯянд) ва ба унвони уфорӣ (уфарӣ), яъне сознавоз машҳур будааст. Ҳатто мегӯянд, ки азбас шутурдорӣ дар кӯҳистон душворӣ кардааст, Рӯдакӣ чанде ба Самарқанд ва Бухоро кӯчида рафта будааст ва дар охирҳои умраш боз омадааст.

Акнун ба ман маънии таъбири манбаи арабӣ маълум шуд, ки дар вай Рӯдак ва Панҷрӯд (Панҷрӯдак) аз навоҳии Самарқанд шумурда шудааст. Ноҳия бо маънои арабиаш ба канори дур кор фармуда мешавад. Дар ҳақиқат ҳам Панҷакат то соли 1925 яке аз районҳои Самарқанд ба шумор мерафт.
Ман дар сари кори канал бо бисёр колхозчиён мусоҳиба кардам. Номи қишлоқҳои онҳо диққати маро ҷалб кард: шумо аз куҷо? – Аз Ҳуснобод, шумо-чӣ? — Аз Нигинобод, шумо аз куҷо? – Аз Майкада, шумо-чӣ? – Аз Зебон (Зебоён) ва ҳоказо. Ҳақиқатан, районе, ки ба деҳаҳои худ ин гуна номҳои шоиронаро қабул кардааст, ҳақ дорад, ки монанди Рӯдакӣ як устоди номурдании шеъру мусиқаро расонад.
Дар вақти кори канал ягона як роҳи кӯҳӣ, ки ба Рӯдак мерафтааст, муваққатан баста шудааст, вагарна ман ба он ҷо ҳам мерафтам. Чунки Рӯдак аз сари канал 8 ё 10 километр будааст.
Ин кашфиёт хеле муҳим аст.
Бо саломи рафиқона: Айнӣ
24-уми ноябри 1940, Самарқанд».
Дар ҳамон соли 1940 Устод Айнӣ дар номаи худ ба Деҳотӣ вобаста ба тартиб додани маҷмӯаи ашъори Рӯдакӣ тарзи тартиб додани онро таъкид карда буд:
«Баъд аз рафтани шумо шумораи севуми июнии «Тоҷикистони сурх»-ро хондам. Дар саҳифаи 4-и он ахбороти мудири шуъбаи шарқии китобхонаи марказӣ — рафиқ Колесникуф ҳаст, дар он ҷо дар он ахборот дар бораи «Маҷмаъ-ул-фурс»-и Сурурӣ ном луғат гап зада мешавад ва гуфта шудааст, ки дар он луғат сад байт аз Рӯдакӣ ба тарзи мисол оварда шудааст.
Шумо як бор ҳамон луғатро аз назар гузаронед, агар шеърҳои аз Рӯдакӣ дар он ҷо овардашуда ғайр аз чизҳое бошанд, ки мо фоида бурдаем, ғундошта гиред ва дар маҷмӯаи «Устод Рӯдакӣ» дароред. Агар дар маънии ягон шеър ё луғат душворӣ кашед, ба воситаи хат аз ман мепурсед».
Аён мешавад, ки Устод Айнӣ дар бораи Устод Рӯдакӣ мудом маълумот ҷамъоварӣ намуда ва ба Деҳотӣ низ таъкид кардааст, ки осори Рӯдакиро аз ҳар куҷо ҷамъоварӣ намояд ва дар шарҳу тафсири вожаҳои душворфаҳм омодагии хешро ба ёрмандӣ ва ҳамкорӣ пешниҳод намудааст.
Ва низ аз як номаи Бектош ба Устод Айнӣ маълум мешавад, ки устод ба намояндагони барҷастаи илму адаби ҳамзамони хеш дастуру супориш додааст, ки барои ҷамъоварии ашъори парокандаи Устод Рӯдакӣ аз ҷунгу дастнависҳо ва девону дафтари ашъори шуаро ва луғатнависони қадим саҳм гузоранд ва инчунин дар ҷустуҷӯи девони то кунун нопайдои Устод Рӯдакӣ бошанд. Ин мазмун аз номаи зерини Бектош ба дурустӣ равшан мегардад:
«Ҳодисаи нав ҳамин аст, ки Абдуллоҷонака (падари Ғанӣ Абдулло) аз Бухоро як китоби оид ба нуҷуми Аҳмад махдуми Калларо рӯнавис карда оварданд (ин ғайр аз Зичи шоҳист, ки рӯнавискардаи ӯ буда, пеш аз ин ба даст афтода буд). Китоб мураттаб буда, дар соҳаи ҳайат ва нуҷум маълумот ва нуқтаи назари Аҳмад Махдумро пурра дарбар мекунад.
Аз Хуҷанд касе мактуб навишта, маълум кард, ки ба дасти ӯ девони Рӯдакӣ мавҷуд будааст ва дар қатори китобҳои дигар нархи ӯро 300 муайян карда фиристодааст. Фавран Абдуллоҷонака ба Хуҷанд камандирофка карда шуданд. Намедонам, ин хабар дуруст мебарояд ё не? Агар дар ҳақиқат девони Абулҳасани Рӯдакӣ барояд, як кашфи ҷаҳонист. Аммо ман метарсам, ки девони шоири дигар Муинуддини Рӯдакӣ набошад. Нусхаи девони Муинуддини Рӯдакӣ дар се-чаҳор ҷой маълум аст ва ҳатто дар Эрон ба чоп ҳам расидааст. Мегӯянд, дар Ленинград ҳам як нусха мавҷуд аст. Ҳамин қадар умедворӣ ҳаст, ки дар Осиёи Миёна, хусусан дар Хуҷанд, аз девони Муинуддини Рӯдакӣ дида, девони Абулҳасани Рӯдакӣ муҳаммилтар аст. Аломатҳои муайянкунандаро ба дасти Абдуллоҷонака навишта додем. Бо телегром огоҳ мекунад. Ба Мавлоно ва рафиқ Деҳотӣ салом.
Бо эҳтиром Бектош
7/VIII-36»
Имрӯз ба туфайли заҳмат ва ҷустуҷӯҳои хастанопазиронаи падари адабиёти муосири тоҷик Устод Садриддин Айнӣ зодгоҳ ва мазори падари шеъри порсии тоҷикӣ маълум шудааст ва яке аз ҷойҳои муқаддаси дидании сайёҳону меҳмонон мебошад. Ва ҳамчунин миқдоре аз ашъори ноби ҳакимонаи Устод Рӯдакиро бо талошу ҷустуҷӯҳои бедареғи донишмандону матншиносони адабиёти порсии тоҷикӣ дар даст дорем, ки оғозгари ин ҷустуҷӯ ва яке аз нахустин гирдоварандагони ашъори парокандаи Одамушшуаро низ Устод Айнист.

Анзурати МАЛИКЗОД,
номзади илмҳои филология.
Гулбаҳор УСМОНОВА,
пажӯҳишгар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ