Намоиши сериали “Мендирман Ҷалолиддин” кай оғоз мешавад?


Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон дар маросими тақдимоти қисми якуми сериали “Мендирман Ҷалолиддин” гуфт, ки намоиши он аз 14 январи соли 2021 оғоз хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, сериали “Мендирман Ҷалолиддин, ки аз зиндагии Ҷалолиддин Мангубердӣ, писари Хоразмшоҳ ва лашкаркаши бебоки Хоразм бар зидди муғулон ҳикоя мекунад, бо ҳамкории ҳунарпешагони Ӯзбекистон ва Туркия ба навор гирифта мешавад. Дар ҳоли ҳозир ҷараёни наворбардорӣ ба марҳилаи поёнӣ расидааст.
Фасли аввали ин сериал 13 қисм мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ