Ҳокимони вилоятҳо соҳиби ваколати нав шуданд


Акнун ҳокимони вилоятҳо метавонанд дар ҷараёни таъин кардани раиси идораи ҳифзи тандурустии минтақаи худ иштирок кунанд. Ин ваколати нави ҳокимон дар қарори раисҷумҳур – “Дар бораи чораву тадбирҳо бобати такмили системаи идораи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ” сабт шудааст.
Бар асоси ин қарор, раиси идораи ҳифзи тандурустӣ дар ҳар як вилоят бо мувофиқати ҳоким таъин мешавад, ё аз вазифа озод мегардад. Дар ҷумҳурии Қорақалпоқистон ин ҷараён бо иштироки раиси Жӯқорғи Кенгес ҳал мешавад.
Раисони идораҳои ҳифзи тандурустии вилоятҳо ва вазири ҳифзи тандурустии Қорақалпоқистон роҳбарону саршифокорони бемористонҳои минтақаҳоро бо мувофиқати ҳокимон таъин ва барканор мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ