Пиктограммаҳои Бозиҳои Осиё-2022 муаррифӣ шуд

Ташкилкунандагони Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоуи Чин пиктограммаҳои варзишии расмии бозиҳоро муаррифӣ кард.
“Ҳангжоу-2022” хабар дод, ки пиктограммаҳо барои 40 намуди варзиш ва 59 қувваозмоӣ сохта шудааст ва ду сол қабл аз оғози 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу нашр шуд. Онҳо дар мусобиқаҳо, иншооти варзишӣ, рекламаҳо, пахши телевизионии мусобиқаҳо ва сувенирҳо истифода хоҳанд шуд.
“Ҳангжоу-2022”, ҳамчунин ҷараёни ҷалби волонтёронро эълон кард. Номзадҳо имкон доранд ҳам тариқи онлайн ва ҳам тариқи почта дархости худро ба қароргоҳи кумитаи тадорукоти “Ҳангжоу-2022” фиристанд.
Ташкилкунандагон интихоби волонтёронро барои Бозиҳои навбатии Осиё бояд тобистони соли 2021 оғоз намоянд. Номзадҳо бояд дар санаи 1 сентябри соли 2022 аз 18-сола поён набошанд ва ё бо забони чинӣ ё бо забони англисӣ озода суҳбат кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ