Шабонарӯзи гузашта 449 ҳолати сироятёбӣ қайд гардид


Бино бар ҳолати 4 -уми октябри соли 2020, шабонарӯзи гузашта 449 -то ҳолати сироятёбии бемории коронавирус аниқ гардида, аз он 5 нафар бар асари беморӣ фавтиданд.
Муҳимаш дар он, ки аз 9 ҳудуди кишварамон 464 нафар бемор сиҳат гашта баромаданд.
Ҳоло шумораи сироятёфтагон ба 58 687 нафар расида, шифоёфтагон бошад 55 318 нафар ба ҳисоб рафта, ин нишондод 94 фоизро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол 2887 нафар бемор зери назорати пизишкон қарор дошта, аҳволи 565 нафарашон вазнин ва 301 нафари дигар вазнинтар мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ